Аз таҳти дил бихандед!
Ҷентелмен
Ду ҷентелмен бо ҳам вомехӯранд. Якеаш мепурсад:
– Ҷаноб, шумо рӯзи ҷумъа ба театр рафта будед?
Мард дафтарчаашро аз киса бароварда, ба он нигариста, мегӯяд:
– Бале, будам…
Марди аввала боз мепурсад:
– Ҷаноб, шумо бо завҷаи ман будед?
Мард боз ба дафтарчааш нигариста:
– Бале, бо вай будам.
Мард мегӯяд:
– Ҷаноб, ин ба ман маъқул нест!
Мард ба дафтарчааш нигариста:
– Ба ман ҳам маъқул нашуд…
Оча!
Кӯдак аз дари даромадгоҳ модарашро садо мекунад:
– Оча! Очаааа! Оч!
Модар мегӯяд:
– Чаро аз назди дар истода дод мезанӣ? Наздам биёву оромона гап зан.
Кӯдак бо пойафзолаш ба даруни меҳмонхона даромада, мегӯяд:
– Оча, ман бо пойафзолам ахлотро зер кардам, онро дар куҷо шӯям?
Умедворӣ
Омӯзгор ба донишҷӯён мегӯяд:
– Умедворам, ки дар имтиҳони имрӯза рӯбардор кардани шуморо намебинам.
Донишҷӯён дар ҷавоб:
– Мо ҳам умедворем, устод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ