латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Буҳрони иқтисодӣ

Марде ба мағоза даромада, аз фурӯшанда мепурсад:

— Моҳӣ доред?

— Шўрмоҳӣ ҳаст.

— Дигар намуди моҳӣ нест?

— Не. Ба ҳамааш буҳрони иқтисодӣ айбдор, на нақлиёт асту на бензин.

Мард ба фурӯшанда мегӯяд:

— Чӣ, шўрмоҳӣ ба мағозаи шумо бо таксӣ омад?

Меҳрубонӣ

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Ҷонакам, ба ман ягон гапи ширин гўй.

— Харгўшак.

Зан бо ноз:

— Боз.

Мард мегӯяд:

— Як села харгўш.

Барномаи ҷолиб

Зану шавҳар ҷанг карда, якдигарро хуб дашном медиҳанд. Баногаҳ занги дар садо медиҳад. Аз паси дар писарчаи ҳамсоя мегӯяд:

— Хола, дадаму бобом мепурсанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион намош дода истодаанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *