Аз таҳти дил бихандед!
Буҳрони иқтисодӣ
Марде ба мағоза даромада, аз фурӯшанда мепурсад:
– Моҳӣ доред?
– Шўрмоҳӣ ҳаст.
– Дигар намуди моҳӣ нест?
– Не. Ба ҳамааш буҳрони иқтисодӣ айбдор, на нақлиёт асту на бензин.
Мард ба фурӯшанда мегӯяд:
– Чӣ, шўрмоҳӣ ба мағозаи шумо бо таксӣ омад?
Меҳрубонӣ
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Ҷонакам, ба ман ягон гапи ширин гўй.
– Харгўшак.
Зан бо ноз:
– Боз.
Мард мегӯяд:
– Як села харгўш.
Барномаи ҷолиб
Зану шавҳар ҷанг карда, якдигарро хуб дашном медиҳанд. Баногаҳ занги дар садо медиҳад. Аз паси дар писарчаи ҳамсоя мегӯяд:
– Хола, дадаму бобом мепурсанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион намош дода истодаанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ