Аз таҳти дил бихандед!
Торти хушк доред?
Ҷӯгие ба дари хонаи марде ба гадоӣ рафта, мегӯяд:
— Торти хушк доред?
Мард ҳайрон шуда, мегӯяд:
— Ҳар рӯз нони хушк мепурсидед, боз ба торти хушк гузаштед?
Ҷӯгӣ мегӯяд:
— Имрӯз зодрӯз дорам охир.
Тарозуи гӯё
Зан ба назди духтур рафта, мегӯяд:
— Духтур, ба фикрам, ман фарбеҳ шудаам.
Духтур:
— Чаро ин тавр фикр мекунед?
Зан:
— Имрӯз тарозуи гӯё харидаму вазнамро чен кардам.
Духтур:
— Хуш, тарозуи гӯё вазнатонро чанд гуфт?
Зан:
— Тарозу гуфт, ки «илтимос, ба болои тарозу якнафарӣ бароед!».
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
— Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
— Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
— То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ