Аз таҳти дил бихандед!
Торти хушк доред?
Ҷӯгие ба дари хонаи марде ба гадоӣ рафта, мегӯяд:
– Торти хушк доред?
Мард ҳайрон шуда, мегӯяд:
– Ҳар рӯз нони хушк мепурсидед, боз ба торти хушк гузаштед?
Ҷӯгӣ мегӯяд:
– Имрӯз зодрӯз дорам охир.
Тарозуи гӯё
Зан ба назди духтур рафта, мегӯяд:
– Духтур, ба фикрам, ман фарбеҳ шудаам.
Духтур:
– Чаро ин тавр фикр мекунед?
Зан:
– Имрӯз тарозуи гӯё харидаму вазнамро чен кардам.
Духтур:
– Хуш, тарозуи гӯё вазнатонро чанд гуфт?
Зан:
– Тарозу гуфт, ки «илтимос, ба болои тарозу якнафарӣ бароед!».
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
– Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
– Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
– То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ