латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Марди тарсу

Марде бо дӯсташ, ки 30 сол боз ҳамдигарро надидаанд, вомехӯранд. Дӯсти мард дар хонаи рафиқаш 10 фарзандро дида, ангушти ҳайрат мегазад:

— Ту ба фикрам хеле хушбахт ҳастӣ?

Мард мегӯяд:

— Э не, ман рости гап аз занам метарсам. Пайваста ба сарам дод зада, ғурбат мекунад.

Дӯсташ бештар ҳайрон шуда, мепурсад:

— Модоме занатро дӯст надорӣ, чаро 10 фарзанд таваллуд кардед?

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Дар миёни бисёрӣ пинҳон шудан осонтар аст.

Муаллими бесавод

Падар аз писараш мепурсад:

— Ҳа, писарам, хонданат дар мактаб чӣ хел?

Писарак дар ҷавоб:

— Бад. Муаллим пайваста мепурсаду мепурсад. Аз афташ худаш чизеро намедонад.

Бемор

Табиб беморро аз назар гузаронида, баъдан шавҳари ӯро ба гӯшае хонда, бо ишора ба бемории занаш бо изҳори таассуф оҳиста ба гӯшаш гуфт:

— Бемор ба ман чандон маъқул не.

Шавҳар гуфт:

— Ба ман ҳам маъқул не. Росташро гӯям, аз рӯзи аввали заношӯиямон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *