толеънома

Толеъномаи 16-уми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар имрӯз аз ҳад зиёд мансабталошиву ҳавобаландӣ кунед, бо ҳамкорон низоъ мекунед. Аз нафароне, ки барқасдона бо шумо моҷаро меҷӯянд, дур бошед. Дар ҳавои тоза сайр карда, на танҳо саломатиро беҳ месозед, балки нерӯ мегиред.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз саврҳо набояд гузаштаро ба хотир оранд. Фикри имрӯзро кунед, он гоҳ мушкилатон ночизу осон мегардад. Ҷаласаву гуфтушунидҳои муҳим бобарор анҷом меёбанд. Бегоҳирӯзиро саврҳои оиладор бояд дар ҳалқаи оилаву фарзандон гузаронанд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз тамоми ҳунару маҳорати худро барои беҳтар сохтани натиҷаи кор равона созед. Барои коре, ки ҳанӯз рух надодааст, ғамгин нашавед. Бадгумонӣ накарда, ҳақиқатнигор бошед. Дар давоми рӯз чизи кайҳо гумкардаатонро пайдо сохта, хеле шод мегардед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар тамоми рӯз аз нобарор анҷом ёфтани корҳоятон шиква кардан гиред, билохира чунин ҳам мешавад. Нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, он гоҳ чунин муносибатро нисбати худ мебинед. Бо нафаре шинос мешавед, ки ба бахти шумо ҳасад мебарад.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи олиҷанобест барои онҳое, ки истироҳат кардан мехостанд. Бо дӯстон вохӯрда, дилхушӣ мекунед. Ба асадҳое, ки дӯстдори машрубот ҳастанд, бисёр нӯшиданро тавсия намедиҳем. Мушкили молиявӣ хотиратонро озурда месозад, вале ба зудӣ роҳи ҳаллашро намеёбед. Мутаассифона, ин аз шумо вобаста нест.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар роҳи расидан ба мақсадҳо ба як қатор монеаҳо гирифтор мешавед. Агар нияти иваз кардани соҳаи фаъолияти худро дошта бошед, маълумотномаи худро ба тамоми ширкатҳо фиристед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳо бо дӯстдоштаатон сабру тоқатро аз даст медиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нисбати ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ботаҳаммул бошед, вагарна то охири рӯз қуввату мадорро аз даст медиҳед. Нофаҳмӣ бо хешовандон табъатонро хира месозад. Агар нияти оштӣ шуданро дошта бошед, ин корро дар ҳамин рӯз кунед. Бо мошини шахсӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои он ки барор ҳамсафари шумо гардад, набояд руҳафтода бошед. Зиндадилу нисбати худ серталаб бошед, он гоҳ комёб мегардед. Уҳдабароиву кордониятонро дида, ҳатто мунаққидон ҷонибдоратон мегарданд. Дар ҷодаи муҳаббат ба пайдо шудани рақибон роҳ надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз на танҳо бо ҳамкорон, балки бо худ низ мусобиқа мекунед. Барои қоил кардани атрофиён бояд таҷрибаву дониши кофӣ дошта бошед. Кордониятон хуб аст, вале роҳҳои пулкоркуниро низ пайдо карданатон лозим аст. Барои хубтар гузаронидани идҳои солинавӣ пул бояд ҷамъ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар корҳоятон пешравиро интизор набошед. Албатта тағйироти хуб имкон дорад, вале чандон назаррас нестанд. Бо сабаби аз кор ба хона дер баргаштанатон наздиконатон аз шумо ранҷидаву муҳити оилавӣ тоқатфарсо гаштааст. Барои ба даст овардани дили ҳамсаратон бояд зирак бошед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Бо вуҷуди сард будани ҳаво самои қалби шумо офтобиву аз шодӣ мешукуфед. Дӯстдоштаатон бо шумо меҳрубон асту кисаатон пури пул. Дар ҷойи кор роҳбарият вазифаи беҳтареро пешниҳод месозад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш шунида, табъатон болида мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар тамоми рӯз бо табъи гирифта гаштан гиред, чунин муносибатро аз атрофиёнатон низ интизор шавед. Ба ҷои нишон додани руҳафтодагӣ беҳтараш бо ягон кори муфиду судбахш машғул шавед. Масалан хонаатонро ба тартиб оварда, ягон хӯроки бомазза пазед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *