Аз таҳти дил бихандед!
Хоб
Зан ба шавҳар мегӯяд:
— Мардакҷон, имшаб хоб дидам, ки ба ман ангуштарини тиллоӣ туҳфа кардаӣ.
Шавҳар мегӯяд:
— Ту агар бо ман ҷангу ҷанҷолатро бас кунӣ, ин дафъа дар хобат ба ту гарданбанди тилло мехарам.
Туҳфаи БДА
Кормандони БДА мошини Афандиро манъ карда, мегӯянд:
— Шумо аввалин ронандае ҳастед, ки қоидаи роҳро вайрон накардаед, марҳамат ин 1000 сомонӣ ба шумо туҳфа!
Афандӣ дар ҷавоб:
— Ура, бо ин пул ҳуҷҷати ронандагӣ мехарам!
Корманди БДА:
— Шумо ҳуҷҷати ронандагӣ надоред?
Ҳамин дам зани Афандӣ аз даруни мошин мегӯяд:
— Ако, аҳамият надиҳед, дар вақти мастияш вай ҳар гапро гуфтан мегирад.
Корманди БДА:
— Боз шумо маст ҳам ҳастед?
Хушдомани Афандӣ аз қафои мошин овоз мебарорад:
— Ман нагуфтам, ки бо мошини дуздӣ дур рафта наметавонем!
Никоҳи хешутаборӣ
Зану шавҳар бо ҳам муноқиша мекунанд. Зан бо ғазаб ба шавҳараш мегӯяд:
— Кошки ба ҷойи туро гирифтан шайтонро мегирифтам!
Мард дар ҷавоб:
— Никоҳи хешутаборӣ манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ