толеънома

Толеъномаи 18-уми декабри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои дар фикри муҳаббат афтодан чандон рӯзи мусоид нест. Имкони рух додани муноқиша бо дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Аз шунидани хабари нохуш руҳафтода нагардед. Дар ҳама кор имрӯз бояд хеле эҳтиёткору бодиққат бошед. Коратон зиёду нофаҳмиҳо пеш меоянд. Дар ин рӯз бо касе баҳс накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Бо табъи болидаву дилпурӣ мушкилиҳои сарзадаро рафъ месозед. Дилкушод бошед, ба корҳои майда-чӯйда диққат надиҳед. Дар ин рӯз қувваҳои пок нигаҳбони шумоянд, аз ин хотир, атрофиён низ аз ҳузуратон ҳаловат мебаранд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Барор ҳанӯз ҳам ҳамроҳу ҳамсафари шумост. Нобарориҳо аз шумо дар канор мегарданд. Аз бурдбориҳои худ атрофиёнро низ шод гардонед. Хусусан нафароне, ки бо эҷодкорӣ машғуланд, дар ҳама кор муваффақ мегарданд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вазъи молиявиатон нофаҳмо мемонад. Хароҷоти ногаҳонӣ мекунед, вале даромади хуби пулӣ низ ба даст меоред. Таваккал накунед. Ба садои қалби худ гӯш андозед, он гоҳ ба мақсад мерасед. Бегоҳирӯзӣ каме пиёда сайругашт кардан саломатиятонро беҳтар месозад.

Асад (23 июл-23 август)

Ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпиданатон лозим аст. Бо вуҷуди он, ки робитаатон бо баъзе аз наздикон хуб набошад ҳам, асабӣ нашавед. Бонувон пули зиёд сарф намуда, пушаймон намешаванд. Рӯзи бобарорест барои аёдати хешовандон ва нафарони бемор.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Эҳтимол аст, ки наздиконатон боз бароятон душворӣ эҷод менамоянд. Кор бо ҷангу ҷанҷоли калон анҷом ёфта метавонад, аз ин лиҳоз, қабл аз сари қароре омадан оқибаташро андеша намоед. Вақте расидааст, ки ғами саломатии худро хӯред. Нофаҳмиҳои оилавӣ боиси асабхаробӣ мегарданд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Тақдир дар зиндагиятон гардиши ногаҳониро пеш меорад. Бо шарофати корчаллонӣ даромад меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарте, ки сари вақт ба худ биёед. Толеъ ёратон мегардад, вале муноқишае рух дода, оқибати ногувор ба бор меорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои бомуваффақият анҷом додани корҳои нав бояд бо дастгирии дӯстону шиносон амал намоед. Бо вуҷуди он, ки ба қувваи худ умед доред, шарм надоред. Дар лаҳзаи охир вазъият метавонад тағйир ёбад, табъи хуш, ҷасурӣ ва сабру таҳаммул шуморо комёб месозад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хушоҳангӣ ва муҳаббат ба вазъи молиятон низ таъсир мерасонад. Бовариву эътимоде, ки дар оила пайдо мекунед, дар пайдо намудани ҳалли мушкили зиёде кумак мерасонад. Яку якбора кӯшиши рафъ сохтани тамоми мушкилиҳоро накунед. Зиндагӣ худ мактаб аст. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли хастагиву асабоният вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Эҳтимоли рух додани муноқишаву низоъ, бемориву ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Корҳоятонро ба тартиб биёред, тозакору дақиқ бошед. Муносибат бо ҳамкорону сардор беҳтар мегардад. Бегоҳирӯзиро ба наздиконатон бубахшед. Дар ҳузури эшон ҳунари худро пурра нишон медиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар хона эҳтимоли сар задани нохушиҳои хурд имкон дорад. Наздикон аз бепарвоиву бемеҳриятон шиква мекунанд. Барои он, ки вазъиятро бадтар насозед, тамоми рӯз бо аҳли оила бошед. Тақдирро фиреб надиҳед, ҳар коре, ки рух медиҳад, аз шумо вобастагӣ надорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз имкониятҳои зеҳниву равонии худро нишон дода метавонед. Дар маҳфили дӯстон бо хушгуфториву ақли расо гули сари сабад мегардед.  Ба ҳар коре, ки даст занед, муваффақ мегардед, вале беҳтараш ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *