Аз таҳти дил бихандед!
Пулат намерасад
Марде ба назди духтур омада, мегӯяд:
— Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад.
Духтур дар ҷавоб:
— Воҳима накунед, барои ҳама ҷоятон пулатон намерасад.
Таъсири донаи зардолу
Мевафурӯше дод зада, мева мефурӯхт:
— Зардолу, як кило 50 сомонӣ, донаи зардолу, як кило 100 сомонӣ.
— Чаро донаи зардолу аз худи зардолу қимматтар аст?,- пурсид марде.
— Чунки донаи зардолу ақли одамро зиёд мекунад,- ҷавоб дод мевафурӯш.
Мард як кило донаи зардолу харид. Дар наздикии мевафурӯш нишаста, донаҳоро мешикасту мехӯрд. Баъди андаке аз дил гузаронд:
— Ин чӣ коре буд, ки ман кардам? Агар зардолу мехаридам, ҳам зардолу мехӯрдам, ҳам донаашро ва ҳам арзонтар мешуд.
Мард ба назди мевафурӯш омад ва фикрашро баён кард.
Мевафурӯш дар ҷавоб:
— Нагуфта будам, ки дона ақли одамро зиёд мекунад?!
Туҳфа
Ҷарроҳи ҷавонро баъди ду маротиба ҷарроҳии бебарор карданаш мудири шуъба даъват карда, мепурсад:
— Гӯш кун, Аброров, ту дипломро харидаӣ чӣ?
Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд: — Хафа мекунед, духтур, барои чӣ дипломро мехаридаам? Онро ба ман дар зодрӯзам туҳфа карданд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ