латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бентли

Мард ба маҳбубааш мегӯяд:

— Ман бояд як чизро ба ту иқрор шавам.

Зан мепурсад:

— Тинҷӣ аст?

Мард мегӯяд:

— Ман зану се фарзанд дорам…

Зан дар ҷавоб:

— Уф, хайрияте… Ман фикр кардам, ки Бентли аз худат нест.

Заминҷунбӣ

Пиразане ба наберааш, ки дар муҳоҷират буд, занг зада, мегӯяд:

— Бачам, шунидам, ки дар шаҳри шумо замин ҷунбидааст…

— Бале, бибиҷон, аммо хавотир нашавед, қуввааш он қадар зиёд набуд.

— Ба ҳар ҳол, ҳамроҳат ҳасиб ё ҳасибча гирифта гард, писарам, то сагҳои хизматӣ туро ба зудӣ пайдо карда тавонанд.

Қаҳр

Марде субҳ бо занаш ҷанг карда, дар сари қаҳру ғазаб аз хона баромада меравад. Шом гурусна ба хона меояд ва дар сари дастархон мешинад. Занаш ҳам бо қаҳр ним коса хӯрокро оварда дар назди шавҳараш мегузораду ба ошхона меравад. Мард мебинад, ки хӯрок кам асту сер намекунад, мегӯяд:

— Ман серам, аммо ин хӯрокро барои касе оварда бошӣ, кам аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *