латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пул чист?

Писарбачае ба падараш савол медиҳад:

— Дада, пул чист?

— Пул, писарам — ин мошин, шароб ва занҳои зебо,- ҷавоб медиҳад падар.

— Агар пул набошад чӣ?

— Дар ин ҳолат чой, троллейбус ва модари ту.

Фишор

Карим ба Раҳим мегӯяд:

— Биё имрӯз ба сауна меравем.

Раҳим дар ҷавоб:

— Ба ман мумкин нест…

Карим мепурсад:

— Фишор ё занат?

Раҳим мегӯяд:

— Фишор аз ҷониби занам.

Фу

Падар мехоҳад, ки духтарчаашро ба боғча барад.

— Бе Фу ба ягон ҷо намеравам,- якравӣ мекунад духтарча.

— Кадом Фу? Ман ба кор дер карда истодаам. Фуятро бигиру зуд бош, духтарам.

Духтарча лӯхтаки бе пой, бе мӯй ва бе чашмашро, ки ба назар даҳшатовар менамуд, ҳамроҳаш мегирад.

— Фууу,- мегӯяд падар лӯхтакро дидан баробар.

Духтарча бо қаноатмандӣ:

— Бале, модарам низ лӯхтаки маро айнан чунин мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *