латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пул чист?

Писарбачае ба падараш савол медиҳад:

– Дада, пул чист?

– Пул, писарам – ин мошин, шароб ва занҳои зебо,- ҷавоб медиҳад падар.

– Агар пул набошад чӣ?

– Дар ин ҳолат чой, троллейбус ва модари ту.

Фишор

Карим ба Раҳим мегӯяд:

– Биё имрӯз ба сауна меравем.

Раҳим дар ҷавоб:

– Ба ман мумкин нест…

Карим мепурсад:

– Фишор ё занат?

Раҳим мегӯяд:

– Фишор аз ҷониби занам.

Фу

Падар мехоҳад, ки духтарчаашро ба боғча барад.

– Бе Фу ба ягон ҷо намеравам,- якравӣ мекунад духтарча.

– Кадом Фу? Ман ба кор дер карда истодаам. Фуятро бигиру зуд бош, духтарам.

Духтарча лӯхтаки бе пой, бе мӯй ва бе чашмашро, ки ба назар даҳшатовар менамуд, ҳамроҳаш мегирад.

– Фууу,- мегӯяд падар лӯхтакро дидан баробар.

Духтарча бо қаноатмандӣ:

– Бале, модарам низ лӯхтаки маро айнан чунин мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *