Аз ваксинаи короновирус то роҳҳои сарфаи барқ дар хонаи вазир

Ваксина аз короновирус кай ба Тоҷикистон меояд? Киҳо ваксинатсия мешаванд? Гирифтани ваксина аз короновирус маҷбурист ё бо хоҳиши мардум? Ба ин саволҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон” посух гуфтааст.

Дар соли 2020 мақомоти прокуратураи кишвар 296 нафар шахсони мансабдорро барои содир намудани ҷиноятҳои бо замин алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд. Сабаб ва омилҳои ин амали мансабдорон ва оқибатҳои онро дар “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод мегӯяд, ки ҷазо барои ҷиноятҳои терроризму экстримизм пурзур хоҳад шуд. Дар ин замина ӯ қазияи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро шарҳ дод.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъаев роҳҳаи сарфаи барқро дар хона аз рӯйи таҷрибаи худаш гуфт. Чӣ тавр вазири тоҷик дар хона 113 сомонӣ пули барқ месупорад?

Зодаи Тоҷикистон Меҳрубон Сангинов чепиони ҷаҳон шуд. Барои расидан ба ин қулла ӯ чӣ роҳҳоро тай кард?

Шарҳи ин ва дигар хабару гузоришҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва варзишӣ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед! Зеро рӯзнома зиёд “Тоҷикистон” яктост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *