Тақвими рӯз: Профессор Аламхон Кӯчаров 75-сола шуд

Имрӯз, 4-уми феврал шахсиятҳои зерин мавлуд доранд:

65-солагии зодрӯзи Абдулло Бӯрихонов (1956), журналист.
125-солагии зодрӯзи Алексей Дяков (1896-1974), арбоби давлатӣ.
75-солагии зодрӯзи Аламхон Кӯчаров (1946), доктори илми филологӣ, профессор.
105-солагии зодрӯзи Ҳабиб Юсуфӣ (1916-1945), шоир, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Маълумотнома

Аламхон Кӯчаров 4 феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

УСТОДИ МАН

АламхонКучаров. Бо ин ном соли 1985, вақте ки ба Институти давлатии педагогии ш. Кӯлоб, факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шудам, шинос шудам! Чизе, ки нахуст бо дидани ӯ шахсро ҷалб мекард, мӯи фавқулода сиёҳ ва зебояш буд. Андоми лоғар ва каме хамида, вале ҳамеша андешамандаш пеши рӯям ҳаст! Дар курси 3-юмӣ мавзӯи Инсон дар симои Носир Аббос аз «Палатаи кунҷакӣ-и Ф. Муҳаммадиев ро аз дафтари кафедраи адабиёти тоҷик зери роҳбарии устод интихоб намудам.

Ин интихоб маро як умр бо илму эҷод пайваст! Вақте кори курсии маро ба Душанбе фиристоданд, ин кор дар марказ ҷои аввал гирифт, ки барои дилгарм шуданам дар идомаи он барои кори дипломӣ асос гардид! «Консепсияи инсон дар асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» чунин ном дошт кори дипломиям. (Вақт шавад, инро чоп хоҳам кард). Устод аҷиб хоксору назарбаланданд. Як рӯз гуфтанд, ки Душанбе китобхонаи Фирдавсӣ меравем! Ҳамин тавр ҳамроҳи устод 3 рӯз дар китобхонаи машҳури Фирдавсӣ адабиёт кофтем ва бештарини мақолаҳои марбутро дар ягона дастгоҳи ксерокопияи китобхона нусхабардорӣ кардам. Бале, ҳайрон нашавед, мо чунин устодон доштем, ки як бачаи деҳотиро гирифта ба маркази тамаддун меоварданд.

Ҳоло барои ба олимпиада ба ш. Самақанд бурданам аз тарафи раҳматии Сайҷаъфаров Шоҳвалӣ ва соҳиби ҷои аввал шуданам ишорае бас аст, чун он нақли алоҳидаест! Ҳамин тавр кори дипломиро бо дастгирии устод навиштам. Онро дар мошинкаҳои он замон маъруф чоп кунонидам ва ба дасти устод супоридам.

Ғайриинтизор, соли 1990 устод ба докторантура баромаданд ва маро ба устод Чалишев Соат — р супориданд. Ҳамин тавр кори дипломии ман бо баҳои аъло дар КОА- донишкада сазовор шуд. Чуноне ки ишора кардам, саҳми устод дар ҳаёти илмиву эҷодии ман бузург аст! Устод ниҳоят донишманданд. Вақте дар аудитория медаромаданд, муҳитро илм фаро мегирифт. Ҳеҷ гоҳ намегуфтанд, ки бача, рост бишин, бача гап назан. Аз шеъру адаб сар мекарданд, 75 нафар гӯшу ҳуш мешуданд.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *