Аз вазъи Афғонистон то баҳои баланди Гутерриш ба Эмомалӣ Раҳмон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.
“Дар ин зимн маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мазкур иброз доштанд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамҷавор ва идомаи расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар хотимаи суҳбат Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сиёсати мутавозин ва мавқеи оқилонаи Сарвари давлати мо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои баланд додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ