Афғонистон боз дар рейтинги хатарноктаринҳо ҷой гирифт

Афғонистон соли чорум аст, ки пайиҳам аз ҳама хатарноктарин кишвари ҷаҳон аз рӯи шохиси ҷаҳонии сулҳ дониста мешавад.

Ин шохис бори аввал моҳи майи соли 2007 ҳисоб шуда буд, ки аввалин кӯшиши рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти зиндагӣ буд.

Муаллифи ин идея соҳибкори австралиягӣ Стив Киллеле буд, ки онро аз ҷумла Далай Лама ва президенти собиқи ИМА Ҷимми Картер тасдиқ карданд.

Шохиси ҷаҳонии сулҳ ҳамасола аз ҷониби ҷомеашиносон ва иқтисоддонҳои гуруҳи байналмилалии коршиносони Пажуҳишгоҳи сулҳ дар якҷоягӣ бо Маркази омӯзиши сулҳ ва низоъ дар Донишгоҳи Сидней таҳия карда мешавад.

Барои тартиб додани шохиси ниҳоӣ коршиносон нишондиҳандаҳои зеринро баррасӣ мекунанд:

— муноқишаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, шиддатнокии онҳо ва шумораи қурбониён;

— муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя;

— ҳиссаи гурезагон дар байни аҳолӣ;

-дараҷаи нобоварӣ байни шаҳрвандон;

 — ноустувории сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ;

— терроризми сиёсӣ;

— зуд-зуд сар задани амалҳои террористӣ;

— шумораи куштор баробар ба 100 ҳазор нафар;

— шумораи маҳбусон;

— таносуби ҷиноятҳои вазнин;

— шумораи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

— ҳиссаи хароҷоти ҳарбӣ дар ММД;

— воридот ва содироти силоҳ;

— иштирок дар контингентҳои СММ ё дигар қувваҳо;

— мавҷудияти аслиҳаи тирандозӣ ва миқдори аслиҳаи вазнин;

— навсозии қувваҳои мусаллаҳ.

То соли 2022 аз 163 кишвари ба ин раддабандӣ шомилшуда Афғонистон дар ҷои охирин қарор дорад. Русия дар ҷои 160-ум ҷой гирифтааст (дар ҳоле, ки Украина, ки неруҳои мусаллаҳи Русия дар он ҷо шаш моҳ боз амалиёти вижаи низомӣ мегузаронанд, 153-юм аст). Ҳар сеи ин кишварҳо ба гуруҳи хатарноктарин шомиланд.

Туркманистон дар зинаи 104, Қазоқистон — 97, Тоҷикистон — 92, Қирғизистон — 91. Ӯзбекистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ (86-ум) эътироф шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нисбат ба Исроил, ИМА ва Туркия амнтар будаанд. Се зинаи аввали рейтингро Исландия, Зеландияи Нав ва Ирландия ишғол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *