Аз як чароғ истифода баред
Ҳангоми муҳокимаи матолиби шумораи нав дар атрофи мавзӯи гӯр баҳс гарм шуду бонуи хабарнигоре бо ҳаяҷон гуфт:
— Боре дар мавзӯи гӯру азоби он сухан рафту ба аҳли хона гуфтам, ки пеш аз гӯронидан қабрамро чароғон кунед…
Марди ҳамкори ӯ гуфтаи бонуро об доданӣ шуда иброз намуд:
— Ман бошам, шабҳо аз бе чароғ хобидан меҳаросам.
Ҳозирҷавоби идора Насима луқма партофт:
— Намешавад, ки ҳардуятон аз як чароғ истифода баред…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ