ВКД: Ронандаи одамкуш ошкор гардид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди 12 рӯз эълон кард, ки ронандаи мошини «Мерседес», ки рӯзи 30 июл дар Душанбе ду пиёдагардро зер кард ва боиси марги як нафари онҳо шуд, муфаттиши Кумитаи амнияти миллӣ Одилҷон Шарифов будааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 август, баъд аз 12 рӯзи садамаи марговаре дар маҳаллаи Водонасоси Душанбе, боиси марги як пиёдагард ва ҷароҳати вазнин бардоштани якеи дигар шуд, исми ронандаи мошинеро, ки ин длу пиёдагардро зер кард, эълон кард.

Дар хабари вазорати дохила тафсилоти ин ҳодиса низ гуфта шудааст: «30 июли соли 2017, соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 01-00 МА 01 Шарифов Одилҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ташкент, хонаи 4, муфаттиши шуъбаи тафтишотии КДАМ ҶТ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Чашмасор (Ваданасос)-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.

                     

Дар натиҷа пиёдагардон Мизонов М. ва Ҷобиров К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷобиров Қ. дар беморхона вафот кардааст.»

Вазорати дохила мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса тамоми мавод барои қабул кардани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон равон карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *