Аз зархаридию хиёнат то сулҳи тоҷикон дар суҳбати Сайдамир Зуҳуров
Ибтидо музоим нашудан, баъдан коронавирус садди роҳи аёдат гаштанд. Охирин бор ба аёдати Сайдамир Зуҳуров бо Саиданвар Камолов омада будам. Аз он рӯз шояд се сол гузашт, вале ҳоло наметавонам ба дидорбинӣ наравам. То зодрӯзи ин фарди заҳматкаш се рӯз мондааст. Лаҷоми истиҳоларо сар додам ва бо рақами телефоне, ки даҳ сол боз дар дастам буд, занг задам.
— Бале, — садои ботамкин, вале заиф ба гӯшам расид.
— Пурсидан мехостам, ки метавонам бо Сайдамир Зуҳуров гап занам. Аммо ҳанӯз даҳон накушода, садои: “Маҳмадшариф ту ҳастӣ?” — ба гӯшам расид.
— Бале,- гуфтам дар ҷавоб ва хиҷолатомез пурсидам:
— Метавонам наздатон оям?
— Дидорбинӣ ё суҳбати матбуотӣ? — пурсиданд.
— Ҳам ину ҳам он, — гуфтам.
Лаҳзае хомӯш шуданд ва ба сухан омаданд:
— Бисёр рӯзномаҳо муроҷиат карданд, ҳатто аз Маскав омаданд, вале қабул накардам. Аммо ба ту не гуфта наметавонам. Ҳамсангар будӣ, агар мо бо силоҳ мубориза бурдем, ту бо сухан мубориза доштӣ. Пагоҳ соати 10 биё, аммо духтурон аз 6- дақиқа зиёд гап задан иҷозат намедиҳанд. Фаромӯш накун, пешакӣ занг зан. Боз кӣ медонад, Худо чӣ мехоҳад?
Рӯзи дигар соати 9:30 садои телефон баланд шуд:
— Маҳмадшариф, узр, наметавонам.
Ман чизе нагуфтам. Боз як рӯз сипарӣ шуд. Баъд аз анҷоми мусоҳиба бо вазири мудофиа ба дафтари кор омадам. Ҳамкорам Одили Нозир пурсид, ки суҳбат бо Зуҳуров сурат гирифт? Нашуд, гуфтаму бозу ба ҳам кашидам. Ӯ изҳори таассуф кард. Ин дам дилам гувоҳӣ дод, ки занг занам.
— Сайдамир Зуҳурович, ин ман.
— Дар куҷоӣ? — пурсиданд он кас.
— Ҷои кор.
— Биё, ҳозир биё, — гуфтанд.
Зуд қаламу қоғазро ҷамъ кардаму ба роҳ баромадам.
Сайдамир Зуҳуровро дар ҳавлӣ, рӯйи кат масруфи суҳбат бо марди нуроние дарёфтам. Афсӯс хӯрдам, ки суҳбат бо ин мард боиси кам гаштани дақиқаҳои ба ман ҷудошуда мегардад. Ӯ чун ҳамеша суҳбаторо ва базлагӯй буд. Ба ӯ менигаристам. Беморӣ нақш дар чеҳрааш гузошта буд. Аз оғоз кардани мусоҳиба метарсидам. Метарсидам, ки саволи ноҷое диҳаму хотири ӯро парешон ва риштаи суҳбатро барканам. Аммо ҳазорон одамон муштоқи шунидани сухани ӯ буданд. Онҳо донистан мехостанд, ки ин вазири солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷон дар кафи даст дар сафи пеши мубориза қарор дошта, дар чӣ ҳол аст. Наздиктар нишастам ва ба Сайдамир Зуҳуров рӯй овардам.
— Замоне ки соҳибмақом будед, вақт барои фикр кардан набуд, ҳоло, ки вақт бисёр доред, дар бораи чӣ фикр мекунед?
— Дар панҷ соле, ки бистарӣ ҳастам, бисёр фикр мекунам. Дар бораи дастовардҳо, ғалатҳо, имрӯзу фардои мамлакат андеша мекунам. Намехоҳам фоҷиае, ки бар сари миллатам омад, дубора такрор шавад. Дар бораи раҳгумзадагон, ба доми фиребафтодагон, тоҷикони зархариде фикр мекунам, ки мисли сагҳои девона аз дур истода меҷаканд. Мардум бояд ҳушёр бошанд, ба ҳарфи нохалафоне, ки имрӯз аз хориҷи кишвар ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд, гӯш надиҳанд. Ман аз ҳаводиси имрӯза огоҳам. Феълан як гурӯҳ аз хориҷи кишвар тариқи интернет ба кишвари мо ҳамла доранд. Ин нафарон, ки барои миллату давлат ба андозаи як хас манфиат наовардаанд, фирефтаи хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Онҳо бояд пулҳои гирифтаашонро “ҳалол” кунанд. Онҳо мисли сагони тарсуе ҳастанд, ки аз дур истода, аккос мезананд.
Боз дар бораи Афғонистон фикр мекунам. Пайваста шабакаи телевизионии «Тулӯъ» — и ин кишварро тамошо дорам. Ин телевизион бе парда, бе дипломатия гап мезанад, ҳақиқатро мегӯяд. Вазъи ин кишвари барои ман азиз хеле печида аст. Ҳар рӯз вазъияти он печидатар мешавад. Музокироти сулҳ, ки чанд вақти охир ҷараён дорад, натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. ДИИШ, Ал-қоида, Толибон ва дигар гурӯҳҳо ба харобкориву даҳшатафканӣ идома медиҳанд. Ин ҳама ба Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонад. Сулҳ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин рӯз расидан бо дандон, нохунамон роҳ кандем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намудем.
— Лаҳзаи аз ҳама хотирмон ва ширини зиндагиатон кадом аст?
— Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Сулҳ бузургтарин неъмат аст, ки бо талошҳои Президенти кишвар ва як гурӯҳ тоҷикони боақл насибамон шуд. Мо, тоҷикон бояд дигар фирефта нашавем. Сарнавиштамон дар дасти худамон аст. Ман ба бисёр кишварҳо сафар доштам. Аз Тоҷикистон орому зеботар мамлакате нест. Ба онҳое, ки аз берун истода афсона мехонанд, бовар накунед. Онҳо кирмакҳое ҳастанд, ки себ хӯрданду бояд пеши хоҷагонашон ғоз диҳанд.
-Нақши Президентро дар сулҳ чӣ гуна мебинед?
-Ба ин савол чунин посух медиҳам: Агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт, онро тақсим мекарданд, пора — пора мешуд, миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ несту нобуд мегашт. Президент давлат сохт, миллат сохт. Тоҷикони боақл бояд атрофи ӯ муттаҳид шаванд, кишварашонро ба касе бовар накунанд.
— Душвортарин лаҳзаи умратон кадом буд?
— То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бароям давраи вазнин буд. Зеро куҷо рафтан, чӣ кор карданамонро намедонистем, тақдири кишвар норавшан буд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон шаби торикро ба рӯзи равшан табдил дод. Баъди ҳамин Иҷлосияи таърихӣ хати ояндаи давлатдории тоҷикон аниқ шуд.
-Албатта, сулҳ бо осонӣ ба даст наомадааст. Борҳо сафарҳо ба Афғонистон, мулоқотҳо бо устод Бурҳониддини Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифтанд. Он лаҳзаҳо дар ёдатон ҳаст?
— Охирҳои августи соли 1993 буд. Ман дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар кор мекардам. Навакак аз сафари хидматӣ аз Маскав баргашта будам. Барои гузориш додан аз натиҷаи сафар ба назди Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафтам. Баъди гузориш Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, ба ман хабари ногаҳониеро расониданд. Гуфтанд, ки фардо, 28-уми август барои мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба Кобул сафар доранд. Ман дар рӯйихат набудам. Бояд муовини раиси Кумитаи амният Абдуллоев Баҳодур Наҷмиддинович, ки инсони пок, чекисти варзида ҳастанд, мерафтанд. Вале аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардам, ки ман равам. Пурсиданд, ки чаро маҳз ту? Гуфтам, ки якум, ман дар Кобул се сол кор карда будам, вазъиятро хуб медонам, одамони таъсиргузорро мешиносам. Дуюм, дар Кобул миёни Раиси ҷумҳур ва Сарвазир ихтилофоти шадид аст ва ман омилҳои онро медонам. Ҳамчунин, мехостам бо Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот ороям, зеро дар ҳалли мушкилот бо гурезагони мо, ки миқдорашон ба 800 ҳазор мерасид, ӯ метавонист нақши ҳалкунанда бошад. Раиси Шӯрои Олӣ ризоият доданд ва рӯзи 28-уми августи соли 1993 мо тариқи ҳавопаймо ба Кобул рафтем. Ин сафари нахустини Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистони ҷангзада буд. Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҷасорати худ барои роҳбарони кишварҳои дигар ба Афғонистон роҳ кушод. Устод Раббонӣ, ки дар сулҳи тоҷикон нақши бузург доранд, талош варзиданд, ки ин сафар дар сатҳи олӣ, натиҷабахш бошад.
— Мулоқот бо Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифт?
— Масъуд дар Кобул набуд. Баъд омад. Дар мулоқот мо се нафар будем: Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Аҳмадшоҳи Масъуд ва ман. Эмомалӣ Раҳмон суҳбатро оғоз карданд. Он намози пешин оғоз шуд, намози шом анҷом ёфт. Мавзӯъ мухталиф буд. Вале муҳимтаринаш баррасии вазъияти дохиливу берунии Тоҷикистону Афғонистон буд. Аҳмадшоҳи Масъуд даъват ба амал овард, ки дар Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар сулҳ барқарор шавад. Ӯ такрор ба такрор таъкид намуд, ки «нагузоред, ҷанги Тоҷикистон ба дарозо бикашад ва худои нахоста он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёбад. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба харобӣ ва мардуми онро ба қашшоқӣ рӯ ба рӯ мекунад»,- таъкид дошт вай. Дар рафти мулоқот як мисол овард: «Солҳое, ки зидди режими Кобул ҷанг мекардам, ба яке аз зердастонам 10 ҳазор афғонӣ додам, ки Комбинати масолеҳи сохтмонии Кобулро тарконад. Имрӯз ман ба ҳайси яке аз роҳбарони ин кишвар ҳатто ба маблағи 6 миллион доллар наметавонам он корхонаро барқарор созам. Ман аз роҳбарони мухолифини ҳукумати шумо дар суҳбатҳоям ҳамеша даъват ба амал меорам, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд, бахусус даст ба амалҳои вайронкориву террористӣ назананд. Аз шумо низ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки қазияи Тоҷикистон — ин хонаи умеди ҳама мо — тоҷиконро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кунед, ҳар чӣ тезтар оташбас эълон кунед, муҳоҷирони худро аз Афғонистон ба Ватан баргардонед»,- таъкид кард ӯ.
—Баъдан ҳам бо Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот доштед?
— Бале, пас аз ин зиёд бо Масъуд вомехӯрдам. Ӯ барои сулҳи мо то лаҳзаи марг кумак кард. Тоҷикистонро дӯст медошт, омада мерафт. Худованд раҳматаш кунад.
Аз сафари нахустин ва мулоқоти аввалин бо Аҳмадшоҳи Масъуд як хотираи дигар низ дорам. Ҳангоми бозгашт бо хоҳиши Сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дахли бевоситаи Аҳмадшоҳ аз Бадахшони Афғонистон 4 ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва 1 капитани сарҳади Русия, ки асири қумандонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буданд, ба Кобул оварда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамроҳи худ гирифт ва замоне самолёт аз дарёи Панҷ мегузашт, ба онҳо мужда додем, ки ба Тоҷикистон омаданд. Капитани рус аз шодӣ гиря кард…
-Вақте ки муовини Сарвазир будед, овоза паҳн карда буданд, ки даъвои президентӣ доред. Ин воқеят дошт? Агар не, тоифае ин овозаҳоро паҳн мекарданд, киҳо буданд ва чӣ мехостанд?
— Албатта, дурӯғ аст ва ин тоифа бахилон, ҳасудон, нотавонбинонанд. Душманони миллати тоҷик низ ба чунин овозапаҳнкуниҳо даст мезаданд ва ҳоло ҳам ин корро мекунанд. Онҳо бо ин амалашон мехоҳанд ихтилоф барангезанд, тоҷикони боақлро аз сохторҳои давлатӣ дур созанд, дар назди Роҳбари давлат бад кунанд, ҷангу ҷидол барангезанд. Ҳастанд одамоне, ки бо ин роҳ мехоҳанд об лой карда, моҳӣ қапанд. Ман ҳеҷ гоҳ чунин ният надоштам, ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд. Агар маро Президент мемонданд ҳам, кор карда наметавонистам. Ман як шахси низомӣ ҳастам ва вазифаам он аст, ки бо садоқат ба давлату миллатам ва президентам хизмат кунам. Эмомалӣ Раҳмон Президенти ивазнашаванда аст, зеро аз байни халқ баромада, чӣ ваъдае дод, иҷро кард. Дар ҳеҷ давру замон тоҷик чунин сарвар надошт.
— Мо дар бораи ҷанги шаҳрвандии тоҷикон зиёд мегӯем, вале андеша намекунем, ки чаро чунин шуд. Ғалати тоҷикон дар чӣ буд?
— Гаправ шудем. Як гурӯҳ аз содалавҳӣ зархарид шуданд. Пароканда гаштем… Ин ҷанг бояд бароямон сабақ шавад. Муттаҳид шуда, ба Ватан хизмат кунем, онро ҳимоя кунем.
Ман рости гап бо вуҷуди он ки солҳои охир беморам, вале дарки Ватан, ҳимояи он як лаҳза аз қалбам намеравад. Чашмамро пӯшида, сарҳади Тоҷикистонро тасаввур мекунам, меандешам, ки дар куҷо мо бояд қувваро зиёдтар кунем. Ман тирзани хуб ҳастам. Ба дӯстон, ҳамкасбонам мегӯям, ки агар ҳозир ҳам хизмати ман ба Ватан лозим шавад, маро бурда, дар ягон баландии назди сарҳад шинонед. Агар душман сарҳади Ватанамро рахна кунад, то нафаси охиринам мубориза мебарам.
— Аз чӣ афсӯс мехӯред?
-Шууру фаҳмише, ки ҳозир дорам, бар манфиати Ватанам пурра истифода карда натавонистам.
— Дилатон чӣ мехоҳад?
— Назди ҳавлиам як сотиқ замин дорам. Дар хона бел, кетман… ҳаст. Президент борҳо даъват карданд, ки аз замин се ҳосил гирифтан мешавад. Мехоҳам ҳамин заминро кетман занам, аз он се ҳосил гирам. Аммо наметавонам, мадор надорам.
Боз мехоҳам, ки тавассути ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳамаи роҳбарон, кормандони мақомоти амният, корҳои дохила, сарҳадот, ки дар рӯзҳои вазнин дар паҳлуи ман қарор доштанд, барои истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ ҷон дар кафи даст мубориза бурданд, минатдории худамро баён кунам. Онҳо ангуштоне буданд, ки ба ҳам фишурда гаштанд ва ба муште табдил ёфтанд, ки зарбаҳои марговар ба душманони давлат ва миллат мезад.
Сайдамир Зуҳуров баъди канда—канда ба забон овардани ин сухан оҳе кашиданду хомӯшӣ ихтиёр намуданд. Ба чеҳраашон нигаристам, хаста ва беҳол гашта буданд. Ба соат нигаристам. Суҳбатамон ба ҷои 6 дақиқа 28 дақиқа кашол ёфтааст. Вале мусоҳибаам, чун суҳбат бо Аҳмадшоҳи Масъуд, ки соли 2000-ум анҷом дода будам, нотамом монда буд.
Сайдамир Зуҳуров майли аз кат фаромадан карданд. Барои ёрӣ даст дароз кардам. -«Худам»- гуфтанду поён фаромаданд. Гирди замини чун кафи даст танг ба гардиш даромаданд. Ин режими ҳаррӯза буд. Ии роҳи рафъи хастагӣ мубориза бо беморӣ буд. Ба ишораи хайрухуш даст боло кардам. Сайдамир Зуҳуров лаҳзае таваққуф карданд ва ба сухан омаданд:
-Маҳмадшариф, ту борҳо бо ман суҳбат доштӣ, бисёр гапҳоро бароят гуфта будам. Агар гапи гуфтание дошта бошам, такрори онҳост.
Баъд аз бозгашт ба дафтари кор саҳифаҳои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — ро варақ задам. Чашмам ба мусоҳибае афтод, ки соли 1996 бо вазири амният Сайдамир Зуҳуров анҷом дода будам. Инак, варақе аз он:
Роҳи наҷот
Сайдамир Зуҳуров, вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
…..
— Чӣ чиз моро аз вартаи ҳалокат раҳо медиҳад?
— Аз манфиатҳои шахсию гурӯҳию идеологӣ гузар кардан. Бозичаи дасти дигарон буданамонро фаҳмидан. Манфиати миллатро аз манфиатҳои дигар боло гузоштан.
— КГБ-ро давлат дар давлат ном мебурданд. Магар ба хотири мулку миллат наметавонад решаи манфиатҷӯиҳои шахсӣ ва гурӯҳиро канад?
-КГБ давлат дар давлат буд. Хадамоти амнияти абарқудрат нишони абарқудратии давлат аст. Аммо, мутаассифона, ҳақиқати ҳол дигар аст. Террорист савори автомашинаи беҳтарину навтарин, автомашинаи мо куҳна, бензин нест, кормандон моҳҳо маош намегиранд. Чӣ ҷойи пӯшидан, талх аст, вале ҳақиқат аст.
— Ҳосили заҳмати деҳқон хирмани ӯст. Хирмани Хадамоти амният чист?
— Таъмини амният. Вале бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ин кор ба пуррагӣ ба мо муяссар нагардидааст.
— Ин сабабҳо кадомҳоянд?
— Айнӣ-вазъи иқтисодию сиёсии кишвар, ки таъсири мустақим ба кори вазорат дорад. Зеҳнӣ-маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ, тарафгириҳо ва манфиатбардориҳо.
— Кадрҳоро калиди мушкилкушо мегӯянд. Кадрҳои Хадамоти амният воқеан имрӯз калиди мушкилкушоянд?
— То андозае, зеро ба иртиботи вазъияти дар ҷумҳурӣ бамиёномада дар интихоби кадрҳо саросемагӣ роҳ ёфт. Имрӯз яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хадамот пок кардани сафҳояшон аз кормандонест, ки дар ҷойи худ нестанд. Аммо дар маҷмӯъ, Хадамоти амният ҷисми солим ва устувор аст.
— Ба таъбири Ситсерон, озодӣ маънии ғуломи қонун буданро дорад. Чаро ин гуфта дар ҷумҳурии мо риоя намешавад? Мо озодиро намехоҳем ё қонунҳоямон озодиамонро таъмин намесозанд?
— Иллат дар нофаъол будани баъзе аз сохторҳои маъмурии Ҳукумат аст. Иллати дигар, паст бурдани маърифати ҳуқуқӣ. Сатҳи огоҳии мардум марбут ба сиёсати идеологӣ мебошад. Идеология имрӯз ҳамчун як воҳиди мукаммал вуҷуд надорад. Телевизионро дар ҳама гӯшаҳои ҷумҳурӣ тамошо намекунанд. Агар тамошо мекарданд ҳам, бо ин сатҳи намоиш намедонам аз он чӣ маърифат мебардоштанд. Радиоро кам касест, ки гӯш кунад. Шояд Тоҷикистон дар дунё ягона давлате бошад, ки рӯзнома надорад. Бале, ҳафтанома дорем, маҷалла ҳаст, ҳарчанд ки танҳо дар пойтахт интишор мешаванд, аммо рӯзнома нест. Тартиб додани Консепсияи идеологӣ бояд яке аз вазифаҳои таъхирнопазирии давлат бошад.
— Соли 1993 шумо муқобили ҷондор (телехранител) гирифтани ашхоси соҳибмансабу бемансаб будед. Ҳоло ҳам ба он фикратон устуворед?
— Бале. Бо тамоми қатъият. Мутаассифона, ин гуна шахсон ҳоло зиёдтар шудаанд…
— Чанд сол аст, ки дар Хадамоти амният кор мекунед?
— Соли бистум аст.
— Буд ҳолате, ки шумо аз касби интихобкардаатон пушаймон гашта бошед?
— Аз касб не, аз вазифа бале.
— Корманди Хадамоти амният будан боиси ифтихор аст?
— Барои ман камоли ифтихор аст. Агар ба тариқи рамзӣ гӯям, Хадамоти амният барои ман ҳам падару модар, ҳам хешу табор, ҳастии ман аст. Пояи давлату миллат аз ҳамин хадамот вобаста мебошад. Агар касе дар бораи он ҳарфи носазо гӯяд, гумон мекунам, ки мехоҳад хор ба пои миллати ман занад.
— Шумо соҳиби мансаб ҳастед. Мансаб ба кас чӣ медиҳад?
— Вобаста ба он аст, ки назди виҷдону мардум чӣ масъулият эҳсос мекунӣ. Аз ин нигоҳ, ба яке ҳалвою ба дигаре заҳр медиҳад.
— Волидони шумо чӣ кора буданд?
— Деҳқон.
— Панде, ки аз падар шунидаед?
— Ними нон-роҳати ҷон.
— Чанд фарзанд доред?
— Ҳашт.
— Панди шумо ба онҳо?
— Рост рафтану ҳақ гуфтан.
— Бузургтарин гуноҳ?
— Хиёнат.
— Шиори шумо дар зиндагӣ?
— Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек.
— Коре кардаед, ки аз он пушаймон бошед?
— Бале.
— Муқаддастарин чиз бароятон?
— Қонун.
— Душман доред?
— Зиёданд.
— Дӯст чӣ?
— Ангуштшуморанд.
— Шахси наздиктаринатон?
— Оила, фарзандон.
— Некиро дар чӣ мебинед?
— Бадхоҳи дигарон набудан.
— Дар душвортарин лаҳзаҳо аз кӣ машварат мепурсидед?
— Аз утоқи танҳоӣ.
— Пири кор доред?
— Бале. Онҳо устодони мананд. Қисмашон имрӯз дар нафақа ҳастанд, қисмашон ҳамкорони мананд.
Мусоҳиб Шариф Ҳамдампур,
“Тоҷикистон”, №5, 19 декабри соли 1996
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ