Айнӣ

Азамати Айнӣ. Бахшида ба 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон

Зи лавҳи гўрҳо, аз мармари сарди мазористон,

Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргўрон,

Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,

Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён

Ту моро кофтӣ, устод,

Ту моро ёфтӣ, устод!

                                        Лоиқ ШЕРАЛӢ

Гиромидошти руҳи абадзиндаи абармарди илму адаб ва фарҳанги тоҷикон дар нимаи аввали садаи бист Садриддин Саидмуродзода Айнӣ (1878-1954) тадбири муҳим дар ростои тақвияти ормонҳои миллӣ, нуфузи ҷаҳоншиносӣ ва амиқрафти худшиносии таърихӣ, арзишҳо ва суннатҳои маънавиву руҳонии гузаштагон аст.

Асоси ҷаҳонбинии Садриддин Айнӣ дониши дерини суннатӣ ва нав мебошад, ки бо такя ба андўхтаҳои диниву дунявии замон шакл ёфтааст. Аз таҷрибаи азалии ҳаётӣ, илму фанҳои нави замон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии Бухоро дар охири садаи Х1Х ва ибтидои садаи ХХ баҳра ёфта, бо рўйдодҳои инқилобии кишварҳои шарқиву русӣ ба василаи мутолиаи комили матбуоти туркиву форсӣ ошно шуда, аз пешравони бисёр ҷиддии ҷунбиши озодихоҳи Бухоро — «насли ҷавонбухориён», аз навоварони ашаддии замон дар роҳи таҳкими пояҳои илму дониш ва ҷаҳоншиносии насли нав шинохта шудааст. Ў бо аҳли назар, ҳаммаслаку ҳамандешонаш бо фарорафти донишу фаҳмиши нави замон ва таъсиси мактабҳои усули нав ба падид овардани фазои мусоиди илмомўзиву донишгирӣ, таълифу таснифи силсилаи китобу дастурҳои таълимӣ, тағйири низоми сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа шароит фароҳам овард.

Устод С. Айнӣ рамзи бедории миллат дар марҳалаи беҳад пурошўби таърихи миллат, аҳди маорифпарвариву ҷадидӣ ва шуравӣ аст. Бо амали ҷомеасозӣ ва мероси гаронбаҳову ғании адабиву илмӣ ва таърихиву публитсистиаш нуфузи бисёр баланди маънавӣ ёфта, фикраш аз маҷмуи илмҳои динӣ-дунявӣ ва хираду заковати воло пурбор гаштааст.

Устод Айнӣ аз суханварони сермаҳсули арсаи таърихи адабиёти навини тоҷикӣ аст, ки бо осори пурқиммату гуногунҷанбаи худ ба сифати нависандаи баландпояву баландғоя, шоири моҳир, олими фарзона, муаллими ахлоқ, андешаманди ҳамабин, дурбини сиёсат ва иҷтимоиёт, донандаи ҳикмат, мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, асосҳои дин, ходими фаъоли матбуот, гузашта аз ин шахсияти ростин дар роҳи нигоҳубини миллати тоҷик, муборизи камназир дар роҳи ҳифзи забони ғаноманди тоҷикӣ (форсӣ), инсони фавқулода табиӣ, фидоӣ, заҳматкаш, ороставу пероста бо тамоми фазилатҳои инсониву ахлоқӣ шинохта шудааст. Ў симои беназири инсонӣ дорад ва адибу донишманди ормонист.

Тарҳи зиндагии моддиву маънавии мардуми Бухоро ва Самарқанд дар осори устод Айнӣ бо андешаҳои хеле матин ва сабку салиқаи баланд ҷой ёфтаанд. Ў ҳамеша ҳадиси бедории халқи соддаву озодаву покиза ва дар айни замон, зулмчашидаву ҷафокашидаву ранҷдидаро хонда ва ў аз беҳтарин ситоишгари сарзиндагиву сарбаландӣ ва боландагии аҳли миллат ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои мубрами таърих, замон ва ҷомеа дар осори адабӣ ва мустанади Айнӣ бо тамоми паҳлуҳояшон таҷассум ёфтаанд, ки бо диди хос ва вусъати баланди андеша ба миён омадаанд. Дар меҳвари нигоҳу назарсанҷии адабӣ, таърихӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва иҷтимоии устод Айнӣ таърихи пуршарафи халқи тоҷик, забон, адабиёт, руҳиёт ва муаммоҳои вежаи ҳастии маънавиву моддии он бозгў шудаанд, ки бо раванди бебозгашти худшиносии миллии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна сахт печидаанд. Осори ў беҳтарин намунаи таҷассуми зинаҳои шакл ёфтани миллати тоҷик дар садаи Х1Х ва ибтидои садаи ХХ, бешак, қомуси зиндаи ҳаёти Бухороянд, ки бо вежагии амиқназарии таърихӣ, ҷомеашиносӣ ва иҷтимоъгароӣ тафовут доранд. Баҳрамандӣ аз манобеи дараҷаи аввали таърихӣ, огоҳии амиқназарона аз кутуби арзишманди форсиву арабӣ ва туркӣ ба ин шахсияти аъзами илму адаб имкон дода, ки осораш хусусиёт ва ҷанбаҳои пурвусъату густурдадоман пайдо кунад. Хидмати беқиёси устод Айнӣ ба хонандаи замон дастрасу ошно кардани матолиби душворфаҳми даҳҳо сарчашмаҳои пешинаанд. Ў ба анбуҳи китобҳои қадим, ба саҳифаҳои дастнавиштаҳои душворхони гузаштагон, сатрҳои хираи китобҳои куҳна ва фарсуда сар дароварда, бисёр сафҳаҳои нохоно ва ноаниқро бозгуфта, калиди дари ҳикматро барои ҳамзамонон боз кардааст.

Ин вежагии фитрии устод Айниро шахсияти аъзами ҳаммаслаки ў Абулқосим Лоҳутӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» бисёр хубу огоҳона бозгў кардааст. Ба гуфтаи ў Айнӣ «дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Устод барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рўзҳо, ки дар ба дару кўча ба кўча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда, дар натиҷа, заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуд» («Намунаи адабиёти тоҷик», Душанбе, 2010, с. 6).

Талошҳои муассири Айнӣ дар заминаи растагорӣ ва наҷоти миллати тоҷик аз душманони берунӣ дар солҳои 20-уми садаи ХХ дигар нуктаи муҳиме аст, ки ҷунбишҳои равшангарии тоҷикони қаламрави Осиёи Миёнаро такон бахшиданд. Пантуркизм ҷунбиши бузурге барои аз байн бурдани тоҷикон буд ва нуфузи бузурги сиёсӣ дошт. Бо ин ҳама, барои аз ҷафоҳои пантуркизм наҷот бахшидани тоҷикон устод Айнӣ муборизи шуълаваре гашт ва дар рўёрўии ин ҷунбиш барои бақои ҳастии миллати тоҷик қарор гирифт. Ў даъвои ботили бадхоҳони ғоявии халқи тоҷикро исбот кард, макони азалии будубоши тоҷиконро дар қаламрави Осиёи Миёна муҳр зад, баъдан маънаван ба исбот расонид, ки тоҷикон дар баробари будубоши азалӣ дар ин қаламрави таърих ҳамзамон соҳиби забону адабиёти оламшумуле низ ҳастанд. Дар ҳоле, ки сиёсатгароёни ифротӣ забони адабии тоҷикиро инкор карданд, посухи устод Айнӣ ба иддаои он, ки ба тоҷикон дар асоси забони кўча забони адабӣ ба вуҷуд бояд овард, арзиши зарурӣ касб кард.

Устоди муаззам ва падари раҳнамои миллати тоҷик як умр ба ҳаллу фасли нукоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, фалсафиву фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии халқу инсонҳо, бахусус насли наврас талош кард, ки заминаҳои ин талош аз таърихи қадимии ҷунбишҳои ҳастиёбии тоҷикон маншаъ мегирад. Талошҳои равшангарии устод Айнӣ ҳидояте ба бунёди ҷомеаи олии инсонӣ ва сохтмони ҷаҳони маънавӣ аст. Ин нависандаи мумтоз ва донишвари сухантироз ба ҳаллу фасли масъалаҳое иқдом ёфтааст, ки муҳимтарин нуктаҳои замон ва ҷомеаро таҷассум менамояд…

Субҳони АЪЗАМЗОД,

номзади илми филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *