Азим Иброҳим: Хатсайрҳои нав байни Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ мешаванд

Дар маросими роҳандозии аввалин қатораи мусофирбар дар масири Душанбе — Тошканд вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим иштирок кард. Ӯ иттилоъ дод, ки  хатсайрҳои нав дар пешанд ва таъкид намуд, ки роҳандозии ҳаракати қатори мусофирбар аз тариқи роҳи оҳан миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳодисаи деринтизори мардум аст.

Нахустин қатори мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба Тошканд шоми 20 июн бо ҳузури мақомдорони тоҷик гусел карда шуда, пирони кордида барои сафари бехатар дуо доданд.

Азим Иброҳим роҳандозии ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро натиҷаи талоши роҳбарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вазир, дар баробари ҳаракати қатораҳо мусофирбарӣ аз тариқи автобусҳо низ ба роҳ монда шуда, феълан корҳо барои ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид идома доранд.

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ҳар рӯзи душанбе қатора аз Душанбе соати 18:30 ба роҳ баромада, соати 13:43 бо вақти маҳаллӣ ба шаҳри Тошканд мерасад. Арзиши  роҳкиро ҳудуди 370 сомонӣ ё худ 35 долларро ташкил дода, қимати он вобаста ба замони хариди чипта фарқ мекунад. Дарозии хатсайр 916 километрро ташкил медиҳад.

Қатор то расидан ба пойтахти Ӯзбекистон аз шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон мегузарад. Аз Тошканд ҳамин қатор ҳар рӯзи сешанбе соати 16:15 ба ҳаракат даромада, нимаи дуюми рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *