Гумрук: Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

Аз  аввали соли равон воридоти орд ба Тоҷикистон 12,5 дарсад коҳиш ёфта, дар натиҷа якбора ба болоравии нархи ин намуди маҳсулоти ниёзи авввали мардум шудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар панҷ моҳ ба Тоҷикистон беш аз 329,6 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии беш аз 102,2 миллион доллар ворид карда шуд. Дар ин замина афзоиши нарх 10,8 фоизро ташкил додааст.

Воридоти ин маҳсулот низ аз рӯйи вазн 8,3 фоиз кам шуда, аз рӯйи арзиш 14,6 фоиз афзудааст.

Гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ҳоло бисёре аз кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот маҳдудиятҳои содиротӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар натиҷа нархи орд дар саросари ҷаҳон боло рафтааст.

Имрӯзҳо ях халта орди 50-килоии истеҳсоли ватанӣ 350-370 сомонӣ, истеҳсоли Қазоқистон 370-400 сомонӣ аст. Арзиши халтаҳои орди 10-килоӣ 75-80 сомонӣ ва 5-килоӣ 40-45 сомониро ташкил медиҳад. Баъзан, дар макони ордфурӯшӣ чунин менависанд, вале гапу амали савдогарон ба навиштаҷот рост намеояд. Нархи 1 халта ордро аз 400 сомонӣ ҳам бештар ба харидорон пешниҳод мекунанд. Ин бори аввал нест, ки дар мо нархи ғизои асосии мардум майл ба болоравӣ дорад. Ҳанӯз моҳи март арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 270-280 то ба 290-325 сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, дар зарфи 2 моҳ сатҳи болоравӣ тақрибан аз 20% ҳам убур кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *