Азим Иброҳим бо Виорел Гуцу мулоқот кард
Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ Виорел Гуцу баргузор гардид.
Намояндаи ин созмон оид ба Барномае иттилоъ дод, ки дар доираи он бо маблағгузории 400 ҳазор доллари ИМА, бо ҷалби сохторҳои дахлдори давлатии соҳавӣ, мушовирони хориҷию мутахассисони маҳаллӣ таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хўроквориро ба нақша гирифтаанд.
Мақсад аз таҳияи ин стратегия таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути марҳила ба марҳила гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, омодасозии мутахассисони соҳавии ҷавобгўй ба талаботҳои байналмиллалӣ ва сохтани ташхисгоҳҳои муосир мебошад.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар бозори таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ чор сохтор, Хадамотҳои назорати давлатии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд.
Илова бар ин зери роҳбарии муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа «Шўрои ҳамоҳангсозии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» фаъолият мекунад, ки ҳар сол ду маротиба ҷаласа баргузор намуда, дар он вазъи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ мегардад.
Муовини Сарвазир иқдоми пешгирифтаи созмонро қобили таваҷҷуҳ шуморид ва афзуд, ки дар доираи маблағи пешбинишуда ҳал намудани чунин ҳадафи бузург ғайриимкон мебошад. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки вобаста ба ин дар доираи корҳои анҷомдодашаванда номгузорӣ кардани Нақшаи корӣ, Барнома ё ин ки Ҳадаф ба мақсад мувофиқтар мебуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ