Д. Қодирзода: Донишкадаи соҳибкорӣ барои бо кор таъмин намудани хатмкардагонаш масъул нест!

— Умуман, фаъолияти таълимию илмӣ, тарбиявӣ ва равобити хориҷии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  дар нимсолаи аввали соли равон қаноатбахш аст, — гуфт гузориши худро  ҷамъбаст карда, ректори донишкадаи мазкур Диловар Қодирзода.

Намояндагони васоити ахбори омма, ки дар нишасти матбуотии муассисаи олии таълимӣ ҳузур доштанд, аз ҷумла маълумоти тоза пайдо карданд, ки бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва таъмини сифати таҳсилот дар ин давраи ҳисоботӣ тағйироти назаррас ба амал омаданд. Китобҳои дарсӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардиданд.

Имрӯз дар донишкада таълим мувофиқ ба талаботи меъёрҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷараён дошта, нақшаҳои таълимӣ барои 23 ихтисос дар заминаи бакавлриат, 8 ихтисос дар заминаи магистратура ва 3 ихтисос  дар зинаи PhD таҳия карда шуданд.  Донишкадаро дар соли 2016   96 донишҷӯ бо баҳои аъло, 227 нафар бо баҳои хуб, 56 донишҷӯ хубу аъло ва бо баҳои қаноатбахш 132 донишҷӯ хатм карданд. 12 хатмкарда дипломи аъло гирифтаанд.

Аз ҷавобҳои Д. Қодирзода ба саволҳои рӯзноманигорон баромад, ки вазъи парки технологии донишкада ба мукаммалшавӣ ниёз дорад. Аз ҷумла,  барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти сехҳои кулолгарӣ ва заргарии парк  мушкилот ба миён омадааст. Таълими фосилавӣ кори нав набошад ҳам, барои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат роиҷ нест. Масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён бинобар мушкилоти молиявӣ қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст. Донишкада барои бо кор таъмин кардани хатмкардагонаш масъул нест. Ҳоло дар донишкада 151 донишҷӯ аз ҳисоби буҷет дар бахшҳои дуюму сеюм таҳсил доранд. Гурӯҳи нахустини онҳо донишкадаро соли оянда хатм карда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ се сол кор карда, баъд соҳиби диплом хоҳанд шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.