Азизу Раҳима

Азиз ва Раҳима барои мардуми Африқо об бароварданд

Азиз ва Раҳима блогерҳои серобуначӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Инстаграм” ҳастанд. Ин оилаи ҷавон айни ҳол дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамарӯза дар саҳифаашон навгониҳоро ба обуначиёнашон пешниҳод месозанд.

Онҳо дар паёми худ овардаанд, ки “агар дар хонаи шумо оби равон ҳасту аз он дар дилхоҳ вақт менӯшед, шумо яке аз одамони хушбахтед”.

Тавре дар навор нишон дода мешавад, блогерон дар фикри одамоне ҳастанд, ки аз оби ошомиданӣ азият мекашанд. Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилиҳои мардуми беоббударо пайдо намуда, пеши худ мақсад мегузоранд, ки мардуми минтақаи дурдасти Африқоро бо об таъмин мекунанд.

“Мо як моҳ дар бораи чӣ тавр берун баровардани об ба воситаи қубурҳои обкашонӣ аз зери замин, ки тақрибан дар наздикии 15 км об вуҷуд надошт, нақша кашидем. Ҳамаи сокинони ин деҳа пиёда бо сатил об мекашонданд. Чӣ қадар роҳатбахш ва хушҳолкунанда буд, ҳамон лаҳзаҳое, ки об аз қубур берун мерехт”,- мегӯянд Азиз ва Раҳима.

Ин оилаи ҷавони тоҷик, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, бори дигар дар ин гӯшаи дунё Тоҷикистон ва мардуми ғамхору саховатпешаи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *