Ҷанҷол дар парлумон. Дар Гурҷистон қонунҳоро чӣ тавр қабул мекунанд?
Дар Гурҷистон алайҳи тарҳи қонунҳои “Дар бораи шаффофияти таъсири хориҷӣ” ва “Дар бораи сабти номи агентҳои хориҷӣ” эътироз карданд. Дар парлумони ин кишвар зимни баррасии онҳо дар ҷаласаи кумитаи масъалаҳои ҳуқуқӣ вакилон ҷанҷол бардоштанд.
Тарҳи қонунҳои нав, ки бо ташаббуси вакилони ҷунбиши «Қуввати мардум» (ки бо ҳизби ҳокими «Орзуи Гурҷистон» дар парлумон аксариятро ташкил медиҳанд) роҳандозӣ шудааст, неруҳои сиёсӣ ва ҷомеаи Гурҷистонро дар ду самт қарор додааст. Ҷонибдорон онҳоро як роҳи ҳифзи принсипҳои соҳибихтиёрии кишвар медонанд, дар ҳоле ки мухолифон аз ояндаи ҳамгироии аврупоии Гурҷистон ҳарос доранд ва таъкид мекунанд, ки ин қонунҳо ба як абзори саркӯби сиёсӣ табдил шудаанд.
“Қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ” таъсиси феҳристи расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатиеро, ки беш аз 20%-ашон аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мекунанд, пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ