Ҷазо дода ба ҷазо гирифтор шуд

Як сокини Душанбе ва як сокини Кӯлоб як мардро аз шаҳри Хуҷанд маҷбуран ба пойтахт оварда, дар амбори пушти як қурутобхона як ҳафта дар асорат нигоҳ доштаанд. Ин алакай дувумин мавриди ошкоршудаи ҳабси худсарона дар пойтахти Тоҷикистон дар чанд рӯзи охир аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 август хабар дод, ки як марди 25-солаи сокини кӯчаи Лучоби Душанбе ва як марди 30-солаи сокини Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс дастгир шудаанд.

Бино ба ин гузориш, боздоштшудаҳо «рӯзи 7-уми июли соли 2017 аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшанро маҷбуран ба шаҳри Душанбе оварда, ба яке аз утоқҳои қурутобхонае, ки ба марди 25-солаи мазкур тааллуқ дорад, бурда, лату кӯб намудаанд.Баъдан, ӯро дар ҳуҷраи анборхонаи нуқтаи таъмиргоҳи воситаҳои нақлиёт, ки дар қафои қурутобхонаи мазкур ҷойгир мебошад, аз санаи 14-ум то 21-уми июли соли 2017 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бар асоси моддаи 131-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ин ду нафар барои бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ин ҳафта ин алакай дувумин мавриди ҳабси ғайриқонунӣ ё худсаронаи ашхос аст, ки аз ҷониби мақомоти милисаи Тоҷикистон ошкор карда мешавад.

Рӯзи 9 август вазорати дохила аз боздошти як сокини 23-солаи пойтахт, ки донишҷӯи соли чорум будааст, бо иттиҳоми ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва мамониат ба иҷрои адолати судӣ хабар дод. Вазорати дохила гуфт, ин донишҷӯ рӯзи 7 август як ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахтро «бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Борбад бурда, ғайриқонунӣ аз соати 20:30-дақиқа то соати 06:00-дақиқа аз озодӣ маҳрум кардаааст.

Бино ба ин манбаъ, донишҷӯ «ба ҷабрдида гуфтааст, ки ба ҳар роҳу восита ба рафти тафтишоти пешакӣ монеъ шуда, ба бародараш ҷавонписари 19-сола, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, кӯмаки худашро расонад.

Ба зидди ин ҷавон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон —131 (ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ) ва 345 (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ) — парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани сокини Испечак то 3 соли зиндон ва барои мамониат ба рафти тафтишот ва татбиқи адолати судӣ ҷарима ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва солҳои аввали баъди ҷанг дар Тоҷикистон ҳабсҳои худсарона ва гаравгонгирӣ хеле зиёд дида мешуд. Афроди силоҳбадаст ва раҳзан дар он солҳо маъмулан мардуми сарватмандро бо талаби пул асир мегирифтанд.

Вале дар солҳои охир худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ашхос дар Тоҷикистон камтар мушоҳида мешуд ва асосан ба баҳсҳои моливу пулӣ рабт мегирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *