Лайло Курдбача — Эрон

Бумеранг

Метарсидам ошиқат шуда бошам,

Мисли замин.

Ки метарсидам зери биркаи кучаке ғарқ шавад,

Ва осмон,

Ки медонист шаб, паррандае,

Тамоми бодҳояшро ба масири дигаре мебарад.

Метарсидам,

Ва ишқ дар тамоми хобҳоям меғалтид.

Метарсидам,

Ва малофаҳо ҳолати таҳаввуъ доштанд.

Гоҳе,

Барои тарсидан дер мешавад.

Он қадар, ки дастҳоятро,

Бо тамоми панҷараҳо боз мекунӣ,

Ва ёдат меравад аз ҳар зовияе парт шавӣ.

Дубора ба оғўши худат бармегардӣ,

Худатро ба хоб бизан,

Пеш аз он ки ночор шавӣ.

Барои худа қиссаҳои тоза бибофӣ,

Аз иттифоқҳое, ки ҳар тавр меафтанд,

Бояд бишканӣ.

***

Парасту

Ту шабеҳи парастуҳо ҳастӣ,

Вақте бо кўчи беҳангоме баҳорро ба хонаам меоварӣ,

Вақте бо кўчи беҳангоме баҳорро аз хонаам мебарӣ,

Бихон,

Бо ҳар забоне, ки ошиқонатар аст.

Оҳангинтар аст,

Ва воҷҳои самимтаре дорад.

Бихон,

Ҳатто агар шуда андозаи панҷарае,

Ки беш аз ҳавсалаи баҳор баста мондааст,

Ки исмашро гузоштаанд девор.

***

Ангуштони ту

Мурдашўҳо чӣ медонанд,

Лабҳои ман чӣ қадар қашанг дўстат дорамро.

Бо чаҳор ҳиҷои кашида адо мекарданд.

Ва ангуштонам ҳангоми навиштан аз ту,

Чигуна лойи сатрҳо реша медоданд.

Чӣ медонанд,

Гунаҳоям чигуна атри бўсаҳои туро,

Дар таваҳҳуши гулҳои сурх пинҳон мекарданд.

Ва мўйҳоям миёни ангуштони ту,

Чигуна бодҳоро ба масирҳои тоза мебаранд.

Ту аммо медонӣ,

Беҳтар аз ҳама медонӣ,

Мӯйҳои ман чӣ қадар мешкитар ва баландтар буданд.

Вақте ангуштонатро,

Лойи мўйҳои касе аз ёд бибарӣ,

Ва «ёдаш ба хайр»,

Саҳми кучакам аз шабонаҳоят мешавад.

***

Обиранг

Фардо субҳ бедор мешавам,

Ва фаромўш мекунам борҳо дўстат доштаам.

Канори панҷара меистам,

Ба тамошои кўдаконе, ки одат доранд.

Ҳар субҳ, зане сўроғи “кўчаи хушбахт”-ро аз онон бигирад.

Ва бо лабхандҳои кучакашон бигўянд,

“Тамошои осмон

Чашмони ҳеҷ касро обӣ нахоҳад кард!”.

لیلا کردبچه — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *