Қазоқистон: Занон зери фишор қарор доранд

Занони Қазоқистон аз шаклҳои гуногуни хушунат ва зуроварӣ дар коргоҳ ҳифз нашудаанд. Дар ин бора дар муроҷиати ҳамоҳангсоз ва намояндаи доимии СММ дар Қазоқистон Норимас Шимомур ва кормандони дигари СММ зикр шудааст.
«Мо аз мақомоти Қазоқистон даъват мекунем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дастовардҳои занонро қадр кунанд, масъалаҳои мавҷудро эътироф намоянд ва барои ҳалли мушкилоти занон ва баробарҳуқуқӣ дар коргоҳҳо талоши бештар харҷ созанд», — омадааст дар муроҷиати СММ.

Ҳамчунин дар ин муроҷиат зикр шудааст, ки дар қонунгузории Қазоқистон мафҳуми дақиқи «озори ҷинсӣ» ҷой надорад ва занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз озор эмин нестанд. Бино бар иттилои СММ, «25 дарсади роҳгузарон ҳангоми мушоҳидаи озори ҷинсӣ ҳеч дахолате намекунанд».

СММ мегӯяд, сатҳи бекории занон дар Қазоқистон нисбати сатҳи бекории мардон бамаротиб бештар аст. 70 дарсади коргарони кирояи бахши тандурустӣ, маориф ва хизматрасонии иҷтимоӣ — занонанд. Бештари занон дар бахши ғайрирасмӣ ё нигаҳдории манзилҳо машғуланд.

«Бозори кори хонагӣ комилан бар асоси шартномаҳои шифоҳӣ амал мекунад ва корфармо коргарро аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин намекунад», — омадааст дар муроҷиатнома.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *