Чор сол бо чор фарзанд дар чордевор

Сафар Исоев, ки  маро дар чораҳаи зиндагӣ бо 4 фарзанд танҳо гузошт аслан амакбачаам аст. Медонистам, ки ӯ зан ва як не се-чор фарзанд дорад. Ҳеҷ дар гумонам набуд, ки байни уву занаш гурбаи ало гузаштаасту Сафар бо мақсади маро зан кардан ба хонаамон рафтааст-мегӯяд Бибизӯро Мӯсоев,  зани мастчоҳие, ки  бо чор фарзанд дар кӯча модааст.

“Ӯ мард бошад ҳам пеши модар падарам акш рехт, ки шумо маро зери қанот накунед дигар кӣ ҳам дастгирӣ мекард?  Модарам дилсӯзӣ карда розӣ шуд. Духтари хона бошам ҳам ба марди падари чор фарзанд оиладор шудам. Аз соли 2004 то соли 2012 соҳиби 4 фарзанд шудем”-меафзояд ӯ.

 

Аммо ба ин марди занҷаллоб, ки дилаш бо хоҳони зани дигар буд баҳонаҳои нав ба нав меҷуст, ба  он зане ки модари 4 фарзандаш аст девона, ифлос, танбал ва дигар тӯҳматҳоро бор кард. Соли 2012 маро бо чор фарзанд бароварда ба чули бекас ва хонаи сангини саркушода бароварда партофт-нақл мекунад Мӯсоева.

 

 

                                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *