Азобҳои кӯдакӣ Шуҷоатро барвақт мард кард
Ҳунарманди воқеӣ ҳамонест, ки бо ҳунари волои худ дар дили мардум ҷой ёфтааст. Ҳар як эҷодкори асил мавқеи худро дорад, мавқеъ надошта бошад, эҷодкори бузург шуда наметавонад. Вақте ҳунарманд мавқеву диди худро дорад, дар саҳна нақшҳои хубро офарида метавонад. Шуҷоат Ҷалолиддинов дақиқан аз ҷумлаи чунин ҳунармандон аст. Ӯ санаи 8 марти соли 1986 дар маркази ноҳияи Файзобод, дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст.
Аз самбӯсафурӯшӣ то донишгоҳ
Даврони мактабхонӣ ба охир мерасиду ҳар як хатмкунанда дар дил орзуи интихоби касби муносибро дошт. Шуҷоат мехост шуғлеро пеша кунад, ки ҳам ба худаш маъқул бошаду ҳам дили волидонашро шод гардонад. Ӯ дар оилаи ду омӯзгор ба воя расида буд. Даврони кӯдакиро бисёр душвор сипарӣ намудааст. Зимни мусоҳибае мегӯяд:
— Модарам самбӯса мепухт ва ман онро дар роҳи марказии ноҳия мефурӯхтам. Як автобус, ки тамоми савдогаронро аз шаҳри Душанбе ба Оби гарм мебурд, ягона манбаи рӯзгузаронии мо буд. Самбӯсаҳои пухтаи модарамро асосан ҳамин савдогарон харидорӣ менамуданд…
Бо вуҷуди хурд будану пеш омадани душвориҳои зиндагӣ қаҳрамони мо пайваста барои муваффақ шудан талош варзидааст.
Интихоби касб барои ӯ роҳи нави зиндагиро кушодааст. Аз хурдӣ шавқу ҳаваси ҳунарманд шудан дар дилаш маъво гирифта буд. Бо вуҷуди он ки дар авлоди онҳо ягон нафар роҳи санъатро пеш нагирифта буд, Шуҷоат бо шуҷоати тамом қадам ба сӯи театру синамо гузошт ва маҳз кӯшишу талошҳояш ӯро ба қуллаи мурод расонид.
Муҳоҷират ва дарёфти оилаи нав
Пас аз хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо сабаби пеш омадани мушкилоти молии хонаводагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овард. Тӯли се соли дар муҳоҷират қарор доштанаш дар мулки бегона бо як оилаи яҳудӣ шинос шуд, оилаи мазкур Шуҷоатро ба фарзандӣ қабул кардаанд. Мегӯяд доштани оилаи нав дар шаҳри мусофирӣ барояш бисёр хуб буд, зеро дар соли аввали муҳоҷират азобҳои зиёд кашида буд. Оилаи яҳудиён бисёр кӯмакаш мекарданду ҳамаҷиҳата дастгирӣ менамуданд. Ҷое мешуд, ҳамроҳ кор мекарданд, ҷое мешуд, бо ҳам мерақсиданд. Он вақтҳо суруди нави Зикриоллоҳи Ҳаким бо номи “Дандонакам дард мекунад” хеле машҳуру маҳбуб гашта буд. Шуҷоат таҳти навои ин суруд мерақсиду ба оилаи нави худ рақси тоҷикӣ меомӯзонид.
Тарбиятгари ҳунармандони ҷавон
Қаҳрамони мо дар зиндагӣ хеле сермаҳсул аст, кӯшиш мекунад ҳунару маҳорати худро ба дигар ҷавононе, ки ба тозагӣ ин касбро интихоб менамоянд, омӯзонад. Дар кафедраи маҳорати актёрӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон омӯзгор буда, шогирдони зиёде дар ин самт дорад, ки имрӯз дар тетру синамои тоҷик кору фаъолият менамоянд. Шуҷоат мегӯяд, омӯзгорӣ беҳтарин касб аст ва ӯ ифтихор дорад, ки дар соҳаю касби худ шогирд ба воя мерасонад.
Театр
Як бахши фаъолияти эҷодии ин ҳунарманд ба Театри давлатии академии драммаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ алоқаманд аст. Маҳз иҷрои нақшҳо дар толори ин театр ӯро дар дунёи санъат шиносонид.
Шуҷоат дар намоишҳои театрӣ нақшҳои зиёде бозидааст, нақши Кавсан дар намоиши «Кавсан»-и Ҷумъа Қудус аз ҷумлаи онҳост. Ҳар як нақше, ки ӯ дар саҳна бозидааст, дар дили ҳаводорони театр мавқеи хоссаеро пайдо кардааст.
Ҳунарманди ҳирфаӣ ҳамон аст, ки дар саҳна ба умқи дили тамошобин таъсир расонида тавонад. Қаҳрамони мо дилу рӯҳи аҳли толорро бо нақшҳои офаридааш вобастаи худ гардонидааст. Шуҷоат Асадулло ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки 12 сол боз дар театри Лоҳутӣ фаъолият мекунад, дар зиёда аз 40 намоиши театрӣ нақш офаридааст.
Дар ҳар образи офаридааш номбурда ба тамом ба нақш ворид гардида, ҳиссае аз ҳаёти худро дар он мегузорад, аз ин ҷост, ки нақшҳои офаридааш хеле хотирмон мебароянд. Намоишномаи “Пизишки паррон” далели гуфтаҳои болост, он аз ҷониби ҳунарманди маҳбуб Қурбони Собир таҳия гардида, дар озмуни “Парасту 2017” Шуҷоат дар номинаи “беҳтарин нақши мардона” ҷои якумро гирифтааст.
Ишқ, пул, Душанбе
“Ишқ, пул, Душанбе” силсилафилми пурсару садоест, ки таи чанд мавсими охир овозаю шуҳраташ тамоми Тоҷикистон ва берун аз онро фаро гирифтааст. Филми мазкур аз ҷониби ҷавонони эҷодкор таҳия гардидааст ва Шуҷоат дар он нақши калидиро мебозад. Образи Қубон, як ҷавони соддаву зудбовар бо айнак ва мӯйлабҳои барҷаста тамошобинро гоҳе механдонаду гоҳи дигар боиси рехтани ашки чандин нафар мегардад.
Аз таърихи пайдоиш ва ба филми мазкур даъват шудани Шуҷоат метавон гуфт, ки коргардони филм- Набиҷон Пирматов дар яке аз филмҳояш нақшофарӣ ва хоксории ӯро дида, барояш пешниҳоди кор мекунад.
Нақши Қурбон дар филм яке аз нақшҳои беҳтарин аст, ки дар як мудати кӯтоҳ ҳунармандро машҳур гардонид. Тамошобинро маҳз содагиву образи Қурбон ба ваҷд овардааст. Қурбон бо 726 сомонӣ пули маош ва 1786 сомонии дар корт доштааш мехоҳад издивоҷ намояд, нақши бозидаи Шуҷоат хеле ҷолиб асту диққати ҳар бинандаро ҷалб месозад.
“Ишқ, пул, Душанбе” барои ба пояи шӯҳрат расидани ин ҳунарманд бисёр нақши бузург бозидааст. Ҳунарманд баъди анҷоми мавсими дуюми филми мазкур мошини сабукрави ”Запорожец”-ро аз шаҳри Панҷакент бо нархи 1500 сомонӣ харидорӣ мекунад, ки чарх надорад ва онро ба мошини калоне бор карда, ба шаҳри Душанбе меорад. То ҳол Шуҷоат ин мошинро истифода набурдааст ва умед дорад, ки таъмири онро пас аз мавсими сеюми филм ба роҳ мемонад.
Бо вуҷуди он ки ки дар дунёи ҳунар мушкилиҳо зиёданд, Шуҷоат бо тамоми вуҷуд аз дӯстдории ҳунару эҳтиром ба касбаш ҳарф мезанад.
Шикасти зиндагӣ
Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад ва ҳар яки мо пеши қисмату сарнавишт оҷиз ҳастем. Қаҳрамони мо низ дар ҳаёт боре шикасти бузургеро паси сар намудааст. Шуҷоат Асадулло ду бор издивоҷ карда, аз издивоҷи нахуст духтаре бо номи Нӯшофарин дорад Аз ҳамсари аввалаи худ бо сабаби нофаҳмӣ ҷудо шуда, бори дувум, бо Насиба, маъмури толори намоиш ва ҳамкори кунуниаш издивоҷ карда, соҳиби ду духтар- Сафия ва Беназир гардид ва айни замон хело хушбахт аст. Метарсад ғалату иштибоҳоте, ки боре пушти сар намуд, дигарбора дар зиндагияш рух надиҳад. Метарсад, ки ба зиндагиаш чашми бад нарасад ва пайвандонашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад.
Имрӯзҳо Шуҷоат дар лоиҳаву клипҳои зиёде ширкат варзида, дар дунёи санъат ҷои худро пайдо кардааст. Мо ба ин ҳунарманди маҳбуб барои расидан ба зинаҳои нав ба нави эҷод муваффақият орзумандем.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ