Моҳпайкар Ёрова

Моҳпайкар Ёрова: Волидон бояд барои фарзандон идеал бошанд

Меҳмони нахустини гўшаи “Маслиҳати хушдоман”-и ҳафтаномаи “Оила”, ҳунарманди кино ва театр, бонуи ҳунар Моҳпайкар Ёрова ба ҷавонони навхонадор маслиҳат додааст.

— Ғами вайрон нашудани оилаи ҷавонро пеш аз ташкил кардани он хўрдан лозим аст. Дар синни ҳаждаҳ, бистсолагӣ оиладор намудани ҷавонон хатои аввали волидайн аст. Зеро дар ин синну сол онҳо барои издивоҷ тайёр нестанд. Хоса духтарон бояд ҳунарҳои хонадориро, ки хоси ҳар як зани тоҷик аст, омўзанд, то дар хонаи шавҳар азоб накашанд. Ҷавонписарон бошанд, диплому ҷойи кор ё ҳунаре дошта бошанд, ки аз уҳдаи хўрондану пўшондани аҳли байташон бароянд. Як чизи муҳими дигар донистани тарзи зиндагии он оилае мебошад, ки аз он ҷо келин мегирӣ ё духтаратро ба он хонадон ба арўсӣ медиҳӣ. Бо маслиҳату машварати волидону шиносоӣ оила барпо кардан лозим аст.

Ҷавонон бояд аз фарҳанги хонадорӣ бохабар бошанду ҳурмату эҳтироми якдигар ва пайвандони ҳамдигарро ба ҷо биёранд. Фарҳанги хонадориро ягон дабистону донишгоҳ ба мо омўхта наметавонад, онро ҳар кас дар оилааш дида, ёд мегирад. Аз ин рў, волидонро зарур аст, ки худашон барои фарзандон идеал бошанд. Донишу ҷаҳонбинии васеъ низ дар маҳкам мондани оила хеле ва хеле зарур аст.

Хеле бад аст, ки пушти пардаи сиёҳи талоқ кўдакони маъсум мемонанд, ба хотири ояндаи фарзандон бояд ба каму кости зиндагӣ сабр кард. Ба хотири як монеаи ночиз оилаи навсохти хешро вайрон кардан камоли беақлист, хушбахтии ҳар нафар дар дасти худи ўст. Калонсолон бояд дар роҳи ҳаёт ҳидоятгари насли ҷавон, фарзандони хеш бошанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *