Ҷазои ба шавҳар хиёнаткардаро доданд!
Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон 8 тан аз хешовандони як ҷавонзани 22-соларо, ки бо ҷурми хиёнат ба шавҳар дар пеши чашми мардум кӯтак зада шуд, дастгир кардаанд.
Худи занро ба маркази вилоят оварда, дар як ҷои амн пинҳон кардаанд. Ин зан дар ноҳияи Чоҳи об бар асоси фатвои рӯҳониёни маҳаллӣ бо ҷурми зино ҷазо дода шуд. Шавҳари ӯ барои мардикорӣ ба Эрон рафта будааст.
Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 5 феврал хабар дод, ки бо гумони даст доштан дар муҷозоти худсаронаи як зани 22-сола дар ноҳияи Чоҳи об 8 нафарро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи боздоштшудаҳо хешовандони ин зан мебошанд.
Видеои муҷозоти ин ҷавонзани афғони гумонбар ба зино ва хиёнат ба шавҳар мавҷи вокунишҳои мухталифро дар Интернет барангехт. Дар ин видео дида мешавад, ки як издиҳоми бузург зани дар рӯяша ниқобро гирд кардаанд ва чанд нафар зери нидоҳои «Аллоҳ Акбар” ин занро дар пеши чашми мардум бо чӯб кӯтак мезананд.
Сухангӯи волии Тахор Сунаттулоҳ Темур қаблан гуфт, ин занро хешовандони худи ӯ ва дар ҳузури хешу табори шавҳараш ҷазо додаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи волӣ, аз тафтиши муқаддамотии қазия чунин бармеояд, ки як ҷавон вориди хонаи ин зан шуда ва онҳо се соат дар даруни хона мондаанд. Аҳли хонавода вақте хабардор мешаванд, занро берун кашида, ҷазо медиҳанд. Дар бораи сарнавишти марди гумонбар ба зино бо ин зан иттилои дақиқе ҳанӯз нест.
Худи занро ба маркази вилоят оварда, ҳоло дар як ҷои амн нигоҳ медоранд.
Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳукми ба чунин шакл ҷазо додани ин занро имомони ин минтақа содир карда ва муҷозот бо амри фармондеҳони маҳаллӣ сурат гирифтааст.
Шавҳари ин зан дар муҳоҷирати корӣ дар Эрон қарор доштааст.
Аз Афғонистон дар бораи бераҳмона ҷазо додани занону мардони гумонбар ба зино гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд. Вале ба фарқ аз дафъаҳои гузашта ин ҳодисаи охир дар минтақае рух додааст, ки на таҳти назорати ҷангиён, балки дар контроли нирӯҳои давлатӣ қарор дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ чунин шакли муҷозоти худсаронаро дар асри 21 як ваҳшоният ба қалам медиҳанд. Комиссияи ҳуқуқи инсони Афғонистон хостори ба ҷавобгарӣ кашондани омилони муҷозоти ин зан дар вилояти Тахор шудааст.
https://da.azadiradio.com/a/29014659.html
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ