Боз як зани роҳрӯбро мошин зада кушт

Савринисо Каримова, як зани роҳрӯби 46-сола соати яки шаби 4 феврал дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе зери чархи мошини «Ҷип”-и тамғаи «Тойота- Ландкрузер” монда, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид. Ронандаи «ҷип” Бахтовар Салихов баъди садама занро дар роҳ партофта, худаш фирор кардааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин садамаи маргбор шаби 4 феврал, соати тақрибан 01:05 дар кӯчаи Айнӣ рух додааст.

Бино ба ин манбаъ, «ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер”, Салихов Бахтовар Файзуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Муҳаммади шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Д.Халқҳо ба самти кӯчаи Зебуниссои пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №70/1-и кӯчаи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳрӯби МНР (ДЭУ), Каримова Савринисо Маҳмадалиевна, соли таваллудаш 1972, сокини кӯчаи Қаротегини пойтахтро пахш намудааст.Мутаассифона роҳрӯб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ карда, танҳо навиштааст, ки ин ҳодиса таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Мошин аз ҷониби Бахтовар Салихови 23-сола буда, ӯ баъди пахш кардани ин зани бечора ба ҷои кумак расондан ба ин зан фирор кардааст. Аммо Ҷамшед Салимов дар Фейсбук хабар додааст, ки ронанда занро то бемористон расонда, сипас шояд ба сабаби дар ҳолати шок қарор доштанаш фирор кардааст.

Як мақом дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур низ тасдиқ кардааст, ки ронандаи «ҷип” баъди ин садама ба зан ягон кумак нарасонда, мошинашро ҳам онҷо партофта, худ фирор кардааст. Бахтовар Салихови 23-соларо кормандони милиса субҳи 5 феврал дастгир кардаанд.

Савринисо Каримова чанде пеш шавҳарашро ҳам аз даст дода буд. Аз ӯ чор фарзанд ятим монд.

Сафар, бригадири роҳрӯбҳо дар ноҳияи Шоҳмансур ба «Азия Плюс” гуфтааст, ки ҷанозаи Савринисо Каримоваро рӯзи 4 феврал ба хок супурданд. Ба гуфтаи Сафар, маросими дафни ин зан аз ҳисоби ДЭУ ва бо кумаки ҳамсояҳояш баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, Савринисо Каримова чанде пеш барои тӯйи фарзандонаш аз се бонк қарзҳои хурд гирифта буд ва дар ҳоле аз дунё рафт, ки аз ин се бонк ҳудудан 6-7 ҳазор сомонӣ қарздор буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *