Ҳазорсомонӣ кай ба муомилот мебарояд?
Бонки миллӣ аз пешниҳоди як сокини Исфара барои ҷой додани акси президент Эмомалӣ Раҳмон ва Қасри Арбоб – маҳалли баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – дар рӯи пули 1000 сомонӣ пуштибонӣ карда ва гуфтааст, “ин масъала дар ҳоли баррасист”.
Ҳасанбой Асадов, муаллими таъриху ҳуқуқ дар мактаби рақами 15-и шаҳри Исфара ва донишҷӯи бахши ғоибонаи Донишгоҳи Хуҷанд гуфтааст, ки ин пешниҳодро соли гузашта бо ду намунаи пули 1000 сомонӣ ба Бонки миллӣ ва дастгоҳи иҷроияи президент фиристода буд.
«Ду рӯз пеш ҷавоби Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ ба ман расид, ки гуфтаанд, пешниҳоди мо дар ҳоли баррасӣ аст ва ба зудӣ масъаларо мутахассисон ҳал мекунанд. Он кас таъкид кардаанд, ки пешниҳод қобили дастгирӣ аст, вале ҷараёни омода кардан ва ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ як давраи муайянро тақозо менамояд”, – гуфтааст ӯ.Аммо бояд зикр кард,ки чунин як пешниҳодро сокини ноҳияи Шаҳринав, корманди “Тоҷиксуғурта” Шариф Каримов дар саҳифаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ