Абдуллоевро боз гунаҳгор карданд                                    

 

Бурҳон Абдуллоев – раиси собиқи бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритус – баъди се ҳафтаи раҳоӣ аз зиндон дубора ба додгоҳ кашида шуд. 

Ин дафъа ҳам Раёсати корҳои дохилии Хатлон алайҳи Абдуллоев бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз карда, айбномаи ӯро рӯзи 14 декабр дар ҳузури вакили дифоаш қироат намудааст.

Ба қавли мақомоти умури дохилии Хатлон, Қурбон Давлатов ва Толиб Қурбонов – ду соҳибкори бозори «Ином» – шикоят кардаанд, ки раиси пешини бозор ду дӯконро фурӯхта, аммо ба номашон нагузаронда буд. Як мақоми Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон гуфтааст, ки  «Давлатов ва Қурбонов даъво доранд, ки дар хариду фурӯши мағоза фиреб сурат гирифтааст. Ҳоло расман алайҳи Абдуллоев бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.» Раёсати корҳои дохилии Хатлон мегӯяд, феълан таҳқиқи парвандаро муфаттиши ин ниҳод Х.Самеъзода пеш мебарад ва ҳанӯз тафтишот анҷом наёфтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *