8 беморие, ки аз бӯса мегузарад
Бӯсаи ошиқона қодир аст ба саломатӣ таъсир расонида, бемориҳои номатлуберо ба бор оварад. Шарҳи табиб-сироятшинос Валерия Рочник бобати бемориҳое, ки тавассути бӯса аз даҳону забон ба шахси дигар мегузарад.
Гастрист ва захми меъда
Бактерияи хеликобактер пилорӣ гастрит ва захми меъдаро ривоҷ медиҳад. Он тавассути оби даҳон аз як нафар ба нафари дигар мегузарад. Микроби мазкур сабабгори бемориҳои меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта мегардад.
Вируси Эпштейн-Барр
Вируси мазкур сабаби зуҳури бемории мононуклероз мегардад, ки аксарият онро бемории бо бӯса сирояткунанда меноманд, зеро он маҳз тавассути бӯса сироят мекунад. Нишонаҳои беморӣ: заифӣ, дилбеҳузурӣ, дарди гулӯ, варам кардани ғадудҳои лимфавӣ мебошад.
Саратони гарданаи бачадон
Бо бӯсаи ошиқона аз вируси папилома сироят ёфтан мушкил аст. Маҳз ҳамин вирус муҷиби афзоиш ёфтани саратон мегардад. Мушкилии кор дар он аст, шахси беморро муайян кардан номумкин аст. Вируси папилома дар пардаҳои луобӣ вуҷуд дошта метавонад. Намудҳои папилома гуногун аст, вале на ҳамаи он метавонад муҷиби пайдоиши саратон гардад. Айни замон дар Русия ба духтарбачаҳо ваксинаи зидди вируси мазкур гузаронида мешавад.
Сифлис
Ҳамагӣ чанд шакли бемории сифлис вуҷуд дорад, ки тавассути оби даҳон сироятпазир аст. Ҳангоми паст будани масуният дар даҳони шахси бемор захмҳои хурде пайдо мешаванд, ки аз зуҳуроти бемории мазкур шаҳодат медиҳад. Бемориро дарҳол муайян кардан номумкин аст. Давраи инкубатсионӣ наздики як моҳ аст. Бемории мазкурро танҳо тавассути ташхисҳои махсус муайян кардан мумкин аст.
Табхол (герпес)
Табхол бемории маъмултаринест, ки тавассути бӯса сироят меёбад. Табобати табхол чандин душвор нест, вале табхоли муқаррарӣ намудҳои дигаре дорад, ки хеле хатарнок аст. Бе кумаки табиб аз табхоли хатарнок халос шудан номумкин аст.
Ситомегаловирус
Ситомегаловирус низ яке аз шаклҳои табхол буда, оқибатҳои ногувореро ба бор оварда метавонад. Ситомегаловирус дар ҷисми инсон то охири умр бе ягон аломат зуҳур карда метавонад. Вируси мазкур зарари худро дар нафароне, ки масунияти заиф доранд, дар шакли дарди гулӯ, варами бодомаки гулӯ (миндалин) ва ғадудҳо, дарунрав, варами рӯдаи ғафс, ахлоти хунолуд, халалёбии кори ҷигар мерасонад.
Зуком ва менингит
Дар бораи он ки бемории зуком тавассути бӯсаи ошиқона сироятпазир аст, ба ҳама маълум аст. Аз ин рӯ, ҳангоми зуком аз бӯсобӯсӣ худдорӣ намоед. Бактерияҳои зуком ё грипп боиси хурӯҷ намудани бемории шадиди инфексионӣ мегардад, ки бо сабаби зуҳури менингококк сар мезанад.
Барои он ки бӯсаи ошиқона сабабгори пайдоиши бемориҳои хатарнок нагардад, масунияти худро мустаҳкам намоед. Вақте масуният мустаҳкам бошад, ягон беморӣ ба инсон асар намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ