Интихобот идома дорад…

Айни замон интихобот давом дорад.

Имрӯз аз субҳ дар ҳамаи участкаҳои интихоботии Тоҷикистон интихоботи президенти кишвар оғоз гардид. Аз соати 6 дари ҳамаи участкаҳо барои интихобкунандагон боз буд.

Хабарнигори “Pressa.tj” низ ба участкаи интихоботии №25 воқеъ дар  назди ба истилоҳ минтақаи  “Бакалея”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  ворид гардида, ба номзади худ раъй дод. Мушоҳида намудем,ки  дар ин участка қабл аз ворид гардидан ҳарорати бадани шаҳрвандон санҷида шуда, дасти онҳо бо маводи зиддивирус  тамиз карда мешавад.

Ҳамчунин, ҳамаи аъзоёни участка ва  мушоҳидону шахсони бовариноки номаздҳо ниқоби  зиддивирусӣ доштанд. Тавре яке аз аъзоёни участка изҳор намуд, дари  участкаҳои раъйдиҳӣ то соати 8 бегоҳ боз мемонанд ва минбаъд шумориши овозҳои ҳар номзад ба ҳисоб гирифта мешавад. Айни замон интихобот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *