Баҳовиддин Неъматов кист?

Бахтиёр Иброҳимзода аз вазифаи роҳбари Оркестри давлатии эстрадии Гулшан озод шуда, Баҳовиддин — писари Баҳодур Неъматов ҷойгузини ӯ шудааст. Хоҳишмандем, дар бораи Баҳовиддин Неъматов маълумот диҳед.

Майсара ва Судоба, донишҷӯёни ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар ҳақиқат Баҳовиддин Неъматови ҷавон роҳбари Оркестри давлатии эстрадии “Гулшан” таъйин гардидааст. Ин хабарро аз МД “Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карданд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов на барканор, балки ба вазифаи дигар гузаронида шудааст, вале аз масъулияти нави ӯ бехабарӣ карданд.

Баҳовиддин Неъматзода — роҳбари нави “Гулшан» кадри ҷавон, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-петербурги Русия аст.

“Барои боз ҳам бо суръат тақвият бахшидан ба корҳои эҷодию бадеӣ ва ғанӣ гардонидани феҳристи Оркестри мазкур Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дастпарвари оркестри «Гулшан» Баҳодур Неъматовро ҳамчун мушовири калони Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан»-и Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ таъин намуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, ҳамзамон и.в. дотсенти кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадии факултаи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *