Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр ва Тамара Пулотова ҳунарнамоӣ мекунанд

Дастаи эстрадии «Гулшан» аз маъруфтарин гурӯҳҳои ҷумҳурӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин гурӯҳ моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио таъсис ёфтааст.

Рӯзи 22 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» таҳти унвон «Шарораи хотираҳо» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Дар он беҳтарин устодони санъати касбии тоҷик, сарояндагони ансамбли овозадори  эстрадии «Гулшан» ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Дар ин рӯз устодони санъат Баҳодур Неъмат, Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пулотова, Маҳбуба Боҳирова, Исматуло Холиқов, Татяна Барило ва Бахтиёр Иброҳимов баромад хоҳанд кард», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ» — и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи  эстрадии «Гулшан» аз маъруфтарин гурӯҳҳои ҷумҳурӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин гурӯҳ моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио таъсис ёфтааст.

Дар ҳайати дастаи «Гулшан» бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Орифшо Орифов сарояндаҳои ҷавон, ба мисли Тоҷиддин Муҳиддинов, Мағфират Ҳамроқулова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев ҳунарнамоӣ намуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо карданд.

Оҳангҳои халқии «Дилбари ҷон», «Сокина», «Чеҳраи зебо», «Гулумой», «Чакра чакидан гирад» ва «Эй санам» то ҳол дар байни мардум шӯҳратёранд.

Соли 1980 ин оркестр барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ шудааст. Барои хизмати шоиста сарояндагони дастаи эстрадии «Гулшан» бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *