Ба ҷавонони ҷавонмард ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” тақдим мешавад
Санаи 5-уми январ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар пойтахти кишвар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021 баргузор мешавад.
Дар маросим барои хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон ба 12 нафар беҳтаринҳо ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” тақдим мешавад.
Ҳамчунин, 20 нафар беҳтаринҳо бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ мегарданд.
Дар маросим 87 нафар аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021”, “Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин маркази ҷавонон”, “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон”, “30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021” ва “Беҳтарин волонтёри соли 2021” бо мукофотҳои арзишманд сарфароз мешаванд.
Инчунин, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ таъмин мешаванд.
Амони МУҲАММАД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ