Қуръакашии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар Малайзия

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, 6-уми январи соли 2022 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 15-уми апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар сабади дуюм ҷой гирифтааст. Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Қувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *