Ба 244 қарори раисони Хатлон эътироз оварда шуд
Соли 2020 ба 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози прокурорӣ оварда шудааст, ки 46 дарсади он ба раисони амалкунанда тааллуқ доштааст. Ин нукта имрӯз 3-уми феврал зимни нишасти матбуотии прокуратураи вилояти Хатлон зикр шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷамъи умумии эътирозҳои овардашуда 85 дарсади он ба масъалаи замин алоқаманд аст. Зикр гардид, ки соли 2020-ум ба 244 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин ва аз як гуруҳ ба гуруҳи дигар гузаронидани замин эътироз оварда шудааст.
Бештари эътирозҳои прокурорӣ ба ноҳияи Қубодиён, Шаҳритус ва шаҳри Кӯлоб рост меояд. Ҳамаи эътирозҳои овардашуда қонеъ гардида, як қисматашон ба талаботи қонун мутобиқ карда шудаанд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ