Аввал эъломия, баъд судя

Вакилони парлумони кишвар пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифаро баррасӣ карданд.

Минбаъд судя ҳангоми таъйин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намояд. Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,  гуфта шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парулмони кишвар гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода шарҳ дод.

«Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат таҳия гардидааст»,-афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.

Лоиҳаи Қонуни  мазкур аз 15 қисм иборат мебошад. Моддаи 17 Қонуни конститутсионии мазкур, ки савганди судя ном дорад, дар таҳрири нав ифода мегардад, ки дар он матни савганди судя, тартиби савганд ва дигар масъалаҳои марбут ба савганди судя муқаррар шудааст. Инчунин, дар моддаи 18 (бозхонд ва озод намудани судя) номгузорӣ шудааст, сархати панҷум “бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат” хориҷ гардида, сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум илова карда мешаванд, ки минбаъд судяе, ки нафақагири  Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад ё дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод намояд, асос барои озод намудани судя аз вазифа мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *