Ба қаҳвахонаи тоҷикон дар Екатеринбург ҳамла карданд

Шоми 26 декабр афроди силоҳбадаст ба қаҳвахонаи тоҷикҳо дар амбори меваву сабзавоти рақами чоруми шаҳри Екатеринбург ҳамла карда, як ҷавони 22-солаи тоҷикро аз зонуяш бо тири пистолет захмӣ кардаанд. Пулис мегӯяд, шахсияти тирандоз маълум шудааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Шоми 26 декабр як гурӯҳи силоҳбадаст ба қаҳвахонаи тоҷикҳо дар ҳудуди амбори меваву сабзавоти рақами чоруми шаҳри Екатеринбург ҳамла кардааст. Пулис мегӯяд, ҳамлагарон яке аз хешовандони соҳиби қаҳвахонаро, ки дар инҷо кор мекард, гаравгон гирифта, ба зонуяш тир задаанд. Ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995 будааст.

Валерий Горелих, сухангӯи пулиси вилояти Свердловск рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” хабари ҳамлаи мусаллаҳона ба амбори меваву сабзавоти рақами чоруми шаҳри Екатеринбургро тасдиқ кард ва гуфт, пулис алакай шахсияти нафареро, ки муҳоҷири тоҷикро захмӣ кард, муайян кардааст ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Валерий Горелих гуфт: «Муфаттишони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ муайян карданд, ки гумонбари ин ҷиноят як ҷавони соли таваллудаш 1993 буда, аз ҷои ҳодиса бо мошини тамғаи «Киа Рио” фирор кардааст. Ҳоло ҷустуҷӯи мошин ва тирандоз идома дорад. Кормандони пулис аз ҷои ҳодиса як теъдод далелҳои шайъӣ, аз ҷумла гилзаҳо аз тири пистолет ёфт шудаанд, ки бар асоси ташхиси он, бояд тамғаи силоҳи истифодашударо маълум кунанд. Марди ҷабрдидаро алакай ҷарроҳӣ карданд ва ба ӯ кумаки лозими тиббӣ расонда шуд.”

Сухангӯи пулиси вилояти Свердловск гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Пулис аз ироаи ҷузъиёти дигари ҳодиса дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад, вале нашрияҳои маҳаллӣ чанд фарзияи эҳтимолии тирандозӣ дар амбори меваву сабзавоти рақами чорумро нашр кардаанд.

Аз ҷумла нашрияи «66.ру”навиштааст, ки ин бори аввал нест, ки дар ин амбори меваву сабзавот чунин муноқишаҳои хунин сурат мегиранд. Ин амбор асосан аз ҷониби клани зодагони Озарбойҷон ба раҳбарии Азер Пириев идора мешавад. Моҳи феврал байни намояндагони ин клан дар як қаҳвахонаи воқеъ дар дохили амбор бар сари шеваи тақсими пуле, ки аз иҷоракорон ҷамъ меоранд, муноқиша бархоста, низ ба тирпарронӣ печида буд.

Як манбаи «66.ру” фарзияи дигари муноқишаи шоми 26 декабрро баён кардааст. Бар асоси ин фарзия, як зодаи Тоҷикистон тобистони имсол аз амбори рақами чор як мошин меваву сабзавот гирифта, пулашро надод ва бо ҳамин ғайб зад. Ин одам рӯзи 26 декабр бори дигар дар ин амбор зоҳир шуда, боз мехостааст ягон касро фиреб бидиҳад, вале ба даст афтодааст. Баҳси байни фурӯшандаҳо бо харидори қарздор, ба гуфтаи ин манбаъ, ба тирпарроние печид ва дар ин тирандозӣ коргари қаҳвахона, ки рабте ба ин баҳс надошт, ҷароҳат бардошт.

Дар амбори меваву сабзавоти рақами чоруми шаҳри Екатеринбург даҳҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон қисме ба тиҷорату қисме ба ҳаммолӣ машғуланд ва як қисми дигар дар бахши рӯбучини ин амбор ва дар ошхонаву қаҳвахонаҳояш кор мекунанд.

7 сол пеш – 17 ноябри соли 2010 Шӯҳрат Ҳамроқулов (ДАР АКСИ ПОЁН), як соҳибкори тоҷик, ки дар дар амбори меваву сабзавоти рақами 4 чанд павилон дошт, дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Верхняя Пишмаи вилояти Свердловски Русия афсари собиқи пулиси Русия Арсен Байрамбековро бо ҷурми 6 куштор, аз ҷумла қатли Шӯҳрат Ҳамроқулов ба 13 солу ду моҳи зиндон маҳкум кард.

Байрамбеков Шӯҳрат Ҳамроқуловро дар пеши чашми ду фарзандаш кушт. Писари калонии Ҳамроқулов аз пеши чашми қотил гузашта, ба мошин нишаст ва ба дунбол худи соҳибкор бо писари 12-солааш аз баромадгоҳи бино берун шуд. Арсен Байрамбеков, ки ба сар ниқоб кашида буд, аз пушти Шӯҳрат Ҳамроқулов аз пистолети ТТ чанд тир холӣ кард. Шӯҳратро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Тафтишот мегӯяд, барои қатли соҳибкори тоҷик ба Арсен Байрамбеков 40 ҳазор рубл, тақрибан 1400 доллар бо қурби соли 2010 «ҳаққ кор” додаанд.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *