Ба адвокати рӯзноманигор иҷозат надоданд то бо зарҳимояаш мулоқот кунад
Ба адвакати рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоев, ки дар Бишкек боздошт шудааст иҷизат надоданд, ки ба зерҳимояаш мулоқот намояд. Дар ин бора яке аз дустони рӯзноманигор Тимур Султонов хабар медиҳад.
«Адвокати мо Наталя Котик, рӯзи 11 август ба маркази тафтишотии КДАМ (Фарғона) ба назди боздоштгоҳи КДАМ омадааст, ки бо Абдуллоев мулоқот кунад, аммо ба ӯ иҷозати дидани ӯро надода, хоҳиш кард, ки пагоҳ биёяд. Имрӯз вай боз дар маҳбас қарор дошт ва ба ӯ боз рад шудани таъинотро гуфта, баҳона пеш овардаанд, ки Бобомуродро ба муддати 14 рӯз карантин карданд. Ин амал ҳуқуқҳои Абдуллоевро, ки дастрасӣ ба ҳимоятро маҳрум мекунад руи рост поймол карда мешаванд. Мо бояд ҳамеша бо ӯ дар тамос бошем, то ҳамоҳангсозии амалҳои мурофиавиро баррасӣ кунем”. Гуфтааст Султонов дар баёнияи худ.
Бояд гуфт, ки рӯзноманигори узбек Бобомурод Абдуллоев тавасути Қирғизистон аз Аврупо барои таҳсили чормоҳа дар Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ (ААУ) омада буд ва пас аз хатми курс бинобар пандемияи коронавирус ва баста будани сарҳадҳо, натавонист ба Аврупо баргардад. Инчунин номбурда ба Қирғизистон бо даъвати созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Сарҳад омада буд. Ӯро рӯзи 9 август бо дархости мақомоти Узбакистон дар Бишкек боздошт намуданд ва ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Бишкек қарор дорад. Хабарнигор бо чӣ айбдор мешавад, ҳоло маълум нест. Додгоҳи Бишкек қарор кард, ки Абдуллоевро то 8 сентябр дар ҳабс нигоҳ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ