Ба даст афтодани дузди нуқра ва планшет
Бино ба иттилои ВКД ба мақомоти милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш ҷавоҳироти гуногуни нуқрагин ва як адад планшети тамғаи “Самсунг”, ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ