Аслов Ҳю Филпоттро ба ҳузур пазируфт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов 16 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпоттро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва амният изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *