Ба доди мо кӣ мерасад? Шаҳрдорӣ ё Барқи тоҷиқ?

Ба таваҷҷуҳи барқи шаҳри Душанбе! 

Зуҳри имрӯз ба идораи сомонаи «tajikistantimes.tj» як гурӯҳ истиқоматкунандагони кӯчаи С. Шерозӣ 19/1 занг зада, аз он шикоят карданд, ки ду моҳ  дар маҳаллаи онҳо  шабона барқ “бозӣ” мекунад, яъне пасту баланд мешавад.

“Ин “бозӣ”  аз соати 22:00 то 4 субҳ идома ёфта, қувваи  барқ пасту баланд мешавад. Зербинои истиқоматии мо дар мавриди корҳои кафшергарӣ ё сохтмонӣ мушкилоте надорад. Аммо то ҳол муайян карда наметавонем, ки ин “ҷаҳиши барқ” аз чӣ сабаб аст, вале то имрӯз чандин асбобҳои барқии истиқоматкунаондагонро аз кор баровард. Бояд қайд намоем, ки чунин мушкилот танҳо дар ду бинои ҳамин маҳалла рух медиҳад. Бар асари ин ҳодиса асбобҳи маишиамон, аз қабилӣ яхдон, чангкашак, телевизеор, компютер ва ғайраҳо аз кор монданд. Ба нозири минтақавии маҳалла занг задему шикоят кардем, онҳо гуфтанд, ки ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ариза пешниҳод кунед, то ки гурӯҳи махсус ташкил карда, санҷида бароянд, ки кӣ сабабгори ин ҳодиса аст.  Вақте ба раиси бино муроҷиат кардем, “имрӯзу пагоҳ” карда, мушкилии  моро намебинад. Маҷбур шудем, ки ба ВАО муроиҷат кунем, то ки ба ин восита мушкилии моро ҳал намоянд. Акнун асбобҳои барқии  корношоямшударо кӣ барқарор мекунад ва ё онро ҷуброн мекунад, гуфтанд Исмаилова Татяна, Шарипова Малика, Ғоибова Файзигул, Қодиров Комил дар суҳбати телефонӣ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *